АфғонистонВидеоТоҷикистон

МУОВИНИ СОБИҚИ ВОЛИИ ПАНҶШЕР: АҲМАДИ МАСЪУД ДАР ТОҶИКИСТОН АСТ

Кабир Васиқ, намояндаи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон (ҶММА) ва собиқ муовини волии вилояти Панҷшер рзи 1 ноябр дар суҳбат бо хабаргузории русии ТАСС  хабар дод, ки раҳбари ин ҷабҳа Аҳмади Масъуд дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон қарор дорад ва талош дорад, то пуштибонии кишварҳои мухталифро барои мубориза бо режими нави Толибон ба даст биорад.  Сарусадоҳо дар бораи дар Тоҷикистон қарор доштани Аҳмади Масъуд қариб ду моҳ боз мечархид, вале Кабир Васиқ аввалин намояндаи ҶММА аст, ки ин хабарро тасдиқ мекунад.

“Аҳмади Масъуд ҳоло дар Тоҷикистон аст, вале гоҳо ба Афғонистон меояд ва бо нирӯҳои муқовимат дар минтақаҳои гуногуни кишвар мулоқот мекунад “, – гуфтааст Кабир Васиқ.

Ба гуфтаи ӯ, Аҳмади Масъуд  дар ҳоли ҳозир талош дорад, то пуштибонии кишварҳои мухталифро аз муборизааш ба зидди режими нави Толибон ба даст биорад.

“Масъуд  талош дорад, то кишварҳои минтақа ва ҷомиаи байнмилалиро дар умум ба зарурати мубориза ба зидди Толибон мутақоид бсозад. Ӯ ба кишварҳои гуногун сафар мекунад, то таваҷҷуҳро ба сӯи Ҷабҳами муқовимат ҷалб кунад ва пуштибонӣ пайдо кунад “, – гуфтааст Васиқ. Муовини собиқи волии Панҷшер ҳамчунин ба муносисабатҳои хуби Ҷабҳа бо Тоҷикистон таъкид карда, гуфтааст, ки “ин кишвар ҳамеша ба мардуми Афғонистон барои мубориза бо Толибон кумакҳои муҳим мерасонд ва ҳоло низ ин корро идома медиҳад.”

Тайи тақрибан ду моҳи охир дар бораи куҷо будани Аҳмади Масъуд ахбори хеле зидду нақиз ба даст мерасад. Аҳмади Масъуд бори охир рӯзи 4 сентябр, дар арафаи тасарруфи қисматҳои водии дараи Панҷшер аз сӯи Толибон дар як нишаст бо фармондеҳон ва раҳбарони обрӯманди ин минтақа зоҳир шуд. Баъди он чанд сабти садоӣ аз ӯ мунташир шуд, вале равшан нест, ки Аҳмади Масъуд дар куҷост?

Бархе манобеъ мегӯянд, ки ӯ тақрибан ду моҳ боз дар Душанбест. Вале намояндагони Ҷабҳаи муқовимат  мегӯянд, ӯ барои музокирот як муддати кӯтоҳ ба Тоҷикистон рафта буд, вале ҳоло дар Афғонистон қарор дорад. Аммо ин манобеъ низ дар Панҷшер будани ӯро ба таври собит таъйид намекунанд ва танҳо бо ин ибора иктифо мекунанд, ки “ӯ бо Панҷшер дар тамоси доим аст.”

Ҷангҷӯёни Толибон дар аввали моҳи август дар байни ҳамагӣ чанд рӯз қариб тамоми қаламрави Афғонистонро тасарруф карда, рӯзи 15 август вориди пойтахт, шаҳри Кобул шуданд. Толибон рӯзи 6 сентябр аз тасарруфи Панҷшер, пойгоҳи асосии нирӯҳои Аҳмади Масъуд ва охирин вилояте, ки ба ҷангҷӯёни Толибон гардан надод, хабар доданд ва рӯзе баъд одами худашон Қудратуллоҳи Панҷшериро волии нави ин вилояти саркаш таъйин карданд.

Намояндагони ҶММА мегӯянд, ҷангҷӯёни Толибон танҳо қисматҳои водӣ ва минтақаҳои аҳолинишини Панҷшерро тасарруф кардаанд, вале чирикиҳо дар дараҳои кӯҳистонии ин минтақа фаъолонад. Ҳарчанд дар вақтҳои охир дар бораи задухӯрдҳои мусаллаҳона байни нирӯҳои ҶММА ва Толибон хабарҳо тақрибан ба даст намерасанд.

Ахиран ҶММА хабар дод, ки вазорати адлияи Амрико барои кушодани нахустин дафтари байналмилалии ин созмон дар Вашингтон иҷозат дод. Ин як пешрафти муҳим дар роҳи талошҳои дипломатӣ барои эътирофи байналмилалии ин ҷабҳаи зидди Толибон дониста мешавад.

Меҳвари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро асосан тоҷикони Афғонистон ташкил медиҳанд.  Раҳбари ин Ҷабҳа Аҳмади Масъуд соли 1989 дар хонаводаи Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ба дунё омадааст. Ӯ 12 сол дошт, ки падарашро ҷангиёни шабакаи Ал Қоида дар як ҳамлаи мусаллаҳона куштанд.

Аҳмади Масъуд  дар Академияи ҳарбии Сандерҳерсти Бритониё ва солҳои 2012 то 2015 дар факултаи таҳқиқоти ҳарбии коллеҷи подшоҳии Лондон таҳсил карда, соли 2016 риштаи сиёсати байналмилалии Донишгоҳи шаҳри Лондонро хатм кардааст.

Ӯ соли 2016 ба Афғонистон баргашт ва раҳбарии Сандуқи Аҳмадшоҳи Масъудро ба дӯш гирифт.  Баъди тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон Аҳмади Масъуд Ҷабҳаи муқовимати миллиро ташкил дод.

Ба фарқ аз дигар кишварҳои минтақа ва бозигарони бузурги байналмилалӣ, Тоҷикистон аз аввал нисбат ба Толибон мавқеи шадид гирифт ва гуфт, ҳукуматеро, ки дар он ба намояндагони ақалиятҳои қавмии Афғонистон, бахусус ба тоҷикони он кишвар ҷойгоҳи шоиста дода нашавад, эътироф нахоҳад кард. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд бор гуфт, тоҷикҳо 46 фоизи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва бояд дар ҳукумат ҷойгоҳи сазовор дошта бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба сурати ошкор аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки таҳти роҳбарии Аҳмади Масъуд ба зидди Толибон меҷангад, тарафдорӣ мекунад ва Покистон, ҳомии асосии Толибонро ба баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикҳои Афғонистон дар шаҳри Душанбе мутақоид кард. Президенти Тоҷикистон ҳамин тавр, Толибонро айбдор мекунад, ки Афғонистонро дубора ба лонаи терроризми байналмилалӣ табдил дода истодаанд.

Чунин мавқеъгириҳои Душанбе роҳбарони Толибонро асабӣ кардааст. Ахиран Толибон  Тоҷикистонро дар дахолат дар корҳояш айбдор кард ва гуфт, “ҳар амал аксуламале дорад”.

Як намояндаи Толибон ҳатто таҳдид кард, ки “агар ҷомиаи байналмилалӣ дахолат накунад, мо Тоҷикистонро дар 24 соат тасарруф хоҳем кард.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button