ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

КОРКУНӢ МЕРАФТ… ҲАЛОКАТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР САДАМА ДАР ҚАРИБИИ САМАРА (АКС)

Шаби 31 октябр дар натиҷаи бархӯрди ду мошини боркаши DAF ва “Волво” дар канори шаҳраки Дубки дар ҳудуди ноҳияи Красний Яр дар наздикии шаҳри Самараи Русия як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст. Бино ба иттилои хабаргузории маҳаллии 63.ру, ин муҳоҷири тоҷик дар марзи Қазоқистону Русия ба мошини “Волво”, ки як шаҳрванди Қазоқистон идорааш мекард ва ба тарафи Толятти мерафт, савор шудааст. Аз қазо зарбаи асосӣ ба тарафе рост омад, ки ин мусофири тоҷик нишаста буд. Барои берун кашидани ҷасади ӯ наҷотбахшон қариб якуним соат сарф кардаанд.

Бино ба иттилои 63.ру, пулис ҳоло сабабҳои ин садамаи марговари шаби 31 октябр дар километри 9-уми роҳи гирдогирд (Обводная дорога)-и шаҳри  Самараро таҳқиқ мекунад.

Дар хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Самара дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд: “Ду мошини бораш дар рости шаҳраки Дубки ба ҳам бархӯрдаанд. Фураи «Волво» ба тсистернаи DAF, ки дар канори роҳ беҳаракат истода буд, бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири «Волво», як марди 30-сола ба ҳалокат расидааст.”

 Бино ба иттилои наҷотбахшон, мошини DAF газ мекашонд, вале хушбахтона, дар пайи садама гази ин мошин натаркидааст.

Ба гуфтаи наҷотбахшон, зарбаи асосиро тарафи мусофирнишини мошини “Волво” қабул кардааст.

“Ин мусофир ҷароҳатҳое бардошт, ки зинда монданаш имкон надошт. Барои  берун баровардани ҷасади ӯ наҷотбахшонро даъват карданд. Отряди ҷустуҷӯиву наҷотдиҳии вилояти Самара соати 04:15 ба ҷои зоҳиса расида, бо кумаки дастгоҳи гидравликӣ ба буридани кабинаи мошин сар карданд. Ин кор то соати 05:32 давом кард”, – хабар додаанд наҷотбахшон.

Ҳар сол беш аз як миллион, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон бо мақсади таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ва ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё мекунанд. Садамаҳои нақлиётӣ дар баробари фалокатҳо дар ҷои кор яке аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button