ИқтисодЧеҳраҳо

ҶАСАДИ РАҲБАРИ СОБИҚИ ТАДАЗ МИХАИЛ СИНАНИРО ДАР МАСКАВ БО ЗАХМИ ТИР ЁФТАНД

Ҷасади собиқ мудири кулли корхонави алюминийи Тоҷикистон Михаил Синаниро дар хонааш дар ҷанубу шарқи шаҳри Маскав бо захми тир пайдо кардаанд. Дар ин бора рӯзи 1 ноябр манбаи  хабаргузории ТАСС дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод.

“Дар яке аз манзилҳои корпуси дуюми бинои №14 дар кӯчаи Академик Пилюгин ҷасади собиқ мудири корхонаи алюминийи Тоҷикистон Михаил Синани, соли таваллудаш 1931, бо захми тири пистолет пайдо карда шуд. Дар бари ҷасад пистолети ӯро ҳам пайдо карданд “, – нақл кардааст ҳамсуҳбати ТАСС.

Ҷасади Синании 90-соларо духтараш дар дохили ҳаммом пайдо кардааст. Тафтиши ин ҳодиса оғоз шудааст, вале бино ба фарзияи муқаддамотӣ, Синан, ба эҳтимоли ғолиб, худкушӣ кардааст.

Пистолете, ки аз бари ӯ пайдо карданд, силоҳе буд, ки раиси КГБ Тоҷикистон соли 1994 баъди як сӯиқасд ба ҷонаш ба Синани туҳфа карда буд.

Михаил Фёдорович Синани дар солҳои 80 ва нимаи аввали солҳои 90 роҳбарии ТадАЗ, бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистонро, ки дар канори шаҳри Турсунзода, дар наздикии марз бо Ӯзбекистон ҷойгир шудааст, бар уҳда дошт. Баъди ба Русия кӯчида рафтани Синани, Абдуқодир Эрматов раҳбари ТадАЗ таъйин шуд. Эрматов дар аввали солҳои 2000-ум ҳамроҳи шарики тиҷоратиаш Аваз Назаров ба Ғарб фирор кард ва онҳо бо роҳбарони нави корхона чанд сол судкашӣ ҳам карда, беш аз 100 миллион доллар товон ба даст оварданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button