ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ СОКИНИ ПУЛИ САНГИН БАРОИ ДУЗДИИ 8 САР ЧОРВОИ КАЛОНИ ШОХДОР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки як сокини 39-солаи ҷамоати Пули Сангин дар  канори шаҳри Норак бо иттиҳоми  даст доштан дар дуздии 8 сар чорвои калони шохдор, арзишашон беш аз 40 ҳазор сомонӣ, дастгир шудааст. ВКД гуфт, ин сокини Пули Сангин  ҳамаи ин дуздиҳоро дар як шаби 29 ба 30 октябр анҷом додааст.

Ба ШВКД дар шаҳри Норак бо ариза марди 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 29 ба 30-юми октябри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз талу теппаҳои шаҳри Норак 7-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 35 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангин содир намудааст.
Инчунин, номбурда шаби 29 ба 30-юми октябри соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ аз талу теппаҳои шаҳри Норак 1-сар чорвои калони шохдори марди 53-солаи сокини ҳамин шаҳрро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 5 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button