ВидеоНомаҳо ба президентҶомеа

БА ЗИДДИ ДАВЛАТОВ ВА АЗИЗА ПАРВАНДА БОЗ ШУД, ГУМОНБАРҲО ДАСТГИР ШУДАНД: ҲИСОБОТИ МАҚОМОТ БА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Рӯзи 1 ноябр Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ  ва шаҳдори Душанбе дар як ҷаласа бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва бо иштироки раиси суди пойтахт масъалаи рафти тафтишоти пешакӣ ва корҳои анҷомдодашуда доир ба  ҳодисаи ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштани шаҳрванд Мамадҷонова Мадина баррасӣ шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе, “прокурори шаҳр гузориш дод, ки дар асоси дастури Рустами Эмомалӣ корҳои муайяне анҷом дода шуда, айни замон нисбати Давлятова Азиза ва Давлятов Лутфулло бо аломатҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбарон барои содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шудаанд.”

Рустами Эмомалӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, ки ҷиҳати баррасии саривақтии муроҷиатҳои сокинони шаҳр, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳамзамон, ҷиҳати тақвияти кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби кормандони сохторҳо ва мақомоти судӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ зимни татбиқи қонунҳо ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ корбарии ҷиддӣ намоянд.

“Дар охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муваззаф гардид, ки барои ҳаматарафаю пурра ва обективонаи тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ чораандешӣ намоянд”, гуфта мешавад дар иттилоияи нашршуда дар сомонаи расмии шаҳрдории Душанбе.

Ду рӯз пеш Наврӯз Қурбонзода, сухангӯи Маҷлиси миллӣ дар Фейсбук хабар дод, ки Рустами Эмомалӣ ҷараёни тафтиши парвандаи Мадина Мамадҷоноваро зери назорати бевоситаи худ гирифтааст. Бино ба иттилои расмӣ, Рустами Эмомалӣ муроҷиати сокини шаҳри Душанбе – Алимова Зулфия аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ “дар хусуси ба духтараш Мамадҷонова Мадина аз ҷониби шаҳрванд Давлатова Азиза 25 августи соли 2021 бо роҳи шиканҷа расонидани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва дар ҳолати вазнин ба Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии «Шифобахш» дар ҳолати беҳушӣ овардани ӯро, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.”

Наврӯз Қурбонзода навишт, қаблан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи тафтиши ин қазия бар асоси қонуни афв кушодани парвандаи ҷиноятиро дар робита ба ин ҳодиса рад кардаанд, вале Рустами Эмомалӣ “бо инобати дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён омадани афкори гуногун, ба Прокуратураи Генералӣ ва Вазорати корҳои дохила дастур дода, зимни иҷрои он санҷиши ҳолати кор аз нав оғоз карда шуда, тафтиши ҳаматарафа, пурра ва объективонаи он таҳти назорати бевосита қарор дода шудааст.”

Сомонаи “Бомдод” қаблан хабар дода буд, ки Мадина рӯзи 25 август рабуда шуд ва баъди тақрибан 14 соат ҷасади нимкуштаи ӯро дар ҳолати кома ба бемористон оварданд. Гумон меравад, ки ӯро Азиза Давлатова, ҳамсари Парвиз (Лутфулло) Давлатов, як корманди ширкати “Мегафон”, марде, ки Мадина Д. ҳам бо ӯ робита дошт, аз сари рашк ба ин ҳол овардааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Азиза нисбат ба шавҳараш шубҳа пайдо карда, телефони ӯро таҳти таъқиб қарор медиҳад ва рӯзи 25 август муайян мекунад, ки ӯ дар хонаи Мадина аст. Парвиз аз омадани ҳамсараш хабар шуда, думро хода мекунад ва маъшуқаашро танҳо мегузорад.

Азиза бо кадом василае Мадинаро ба мошин савор карда, ба берун аз шаҳр мебарад ва аз соати дуи рӯзи 25 август то соати якуними шаби 26 август ба эҳтимоли ғолиб чандкаса Мадинаро азобу уқубат ва шиканҷа медиҳанд. Ӯро сипас дар ҳолати мадҳушӣ (кома) ба бемористони “Шифобахг” (Қараболо) овардаанд.

Мадинаро дар ҷараёни соатҳои асораташ чанд дафъа муддати тӯлонӣ буғӣ кардаанд ва дар натиҷа майнаи сараш муддатҳо бидуни ҳаво (кислород) мондааст ва як қисмати мағзи сари ин ҷавонзан дигар дуруст кор намекунад. Ӯ то ҳол касеро намешиносад, гуфта наметавонад, ки он рӯзи наҳс бо вай чӣ гузашт, мунтазам дод мезанад ва табибон тарс доранд, ки ӯ дигар барои умрбод маъюб шудааст.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ дар як муроҷиатномаи муштарак аз шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ  Рустами Эмомалӣ,  додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода хостанд, ки ин қазияи одамрабоӣ ва азобу уқубати гаравгонро зери назорати қатъии худ бигиранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button