ВидеоМуҳоҷирон

БА 17 МУҲОҶИРИ ТОҶИК, КИ ҲУҶҶАТҲОЯШОН ДАР ОТАШ СӮХТ, ДАР 10 РӮЗ ШИНОСНОМАҲОИ НАВ ТАЙЁР КАРДАНД (ВИДЕО)

Барои 17 муҳоҷири тоҷике, ки  ҳуҷҷатҳояшон дар сӯхтори шаби 20 октябр дар  хобгоҳашон дар ҳудуди иншооти сохтмонии воқеъ дар назди метрои “Рассказовка”  ба коми оташ рафт, дар зарфи 10 рӯз шиносномаҳои нав таҳия карда ва рӯзи 1 ноябр дар бинои консулгарии Тоҷикистон дар Маскав ба онҳо супурдаанд. Дар ин бора бо ирсол ва нашри видеоҳо Муҳаммад Собиров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик хабар дод.

Бино ба иттилои ӯ, муҳоҷирони аз сӯхтор зарардидаро, ки шуморашон, бино ба бархе ҳисобҳо, беш аз 80 нафар ва бино ба ҳисобҳои дигар, то 150 нафар гуфта мешавад, дар пайи дахолати мақомоти дипломатии Тоҷикистон ширкати корфармо дар як хобгоҳ дар Одинтсово ҷой карда ва ба ҳамаи онҳо ҷубронпулӣ низ додааст.

Дар видеое, ки Муҳаммад Собиров ба сомонаи “Бомдод” фиристод, яке аз ин муҳоҷирон мегӯяд, ки бо тамоми чиз таъминанд ва эҳтиёҷе надоранд. Ӯ гуфт,  бархе афрод бо истифода аз ин ҳоисае, ки ба сари онҳо омад, деги даромади худро ҷӯш дода,  гӯё барои муҳоҷирони дар сӯхтор зарардида пули хайрия ҷамъ мекунанд, ки дар асл чунин нест.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 20 октябр дар ҳудуди иншооти сохтмонии воқеъ дар назди метрои “Рассказовка” дар ноҳияи Солнтсевои шаҳри Москва сӯхтор ба амал омад. Дар ин сохтмон беш аз 100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон тибқи шартнома бо 4 ширкати сохтмонӣ ба кор ҷалб шуда, фаъолият менамоянд. 80 нафари онҳо дар хобгоҳи ҳамон сохтмон иқомат мекарданд.

Дар натиҷаи ин офат тақрибан 60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон молу ашё ва 17 нафараш ҳуҷҷатҳояшонро аз даст доданд.

Сафорат гуфт, дар суҳбати кормандонашон бо  роҳбари иншооти сохтмонии мазкур Симонов А. А. мувофиқат шудааст, ки ширкат шаҳрвандони тоҷикро бо хобгоҳ, маводи либоса ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин  карда, сафорат ҳуҷҷатҳои шаҳрвандонро барқарор мекунад.

https://www.facebook.com/groups/2610592638998510/permalink/4645930682131352/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button