ВидеоТоҷикистонҶомеа

ДАР ДУШАНБЕ ДАР ЯК ДЕГ ҚАРИБ 3 ТОННА ОШ ПУХТААНД (14 АКС)

Рӯзи 30 октябр дар майдони назди шаршараи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали «Оши палав» баргузор гардид. Дар даромадгоҳи майдон аз ҷониби шаҳрдории Душанбе як деги бузург гузошта шуд, дар ин дег он 4 ошпази моҳир қариб 3 тонна ош пухтаанд. Ин бузургтарин деги ош дар Тоҷикистон мебошад. Моҳи апрел дар Хуҷанд дар як дег қариб якуним тонна ош пухта буданд.

Барои пухтани қариб 3 тонна ош дар як дег дар ҷашнвораи “Оши палав” дар Душанбе 800 килограмм биринҷ, 170 литр равған, 270 кг гӯшт, як тонна сабзии реза, 150 кг пиёз, 30 кг намак, 8 кг зира, 30 кг кишмиши ошӣ, 8 кг лимӯ, 250 кг тухми бедона, 8 кг сирпиёз, 8 кг қазӣ, 8 кг гӯшти хушккардашударо истифода  кардаанд, хабар дод хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар доираи баргузории Фестивали «Оши палав» дар умум дар 50 дег  беш аз 5 тонна ош андохтаанд. Гуфта мешавад, 40 дег ош аз ҷониби мақомоти шаҳри Душанбе ва 10 деги дигар аз ҷониби намояндагиҳои кишварҳои узви ИДМ дар Тоҷикистон гузошта шуда буд.

Дар чорчӯби ҷашнвора ҳамчунин мусобиқаи “Ошхӯри беҳтарин” баргузор карда шудааст.

 Зимни ифтитоҳи фестивал муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода гуфт, ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур- муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Зикр шуд, ки оши палав маҳбубтарин таоми мардуми тоҷик буда, онро “шоҳи таомҳо” низ ном мебаранд. Соли 2016 оши палав аз ҷониби ЮНЕСКО ба рӯйхатти беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ дароварда шуд.

Маъмулан барои пухтани оши палав сабзӣ, биринҷ, гӯшт, равған, пиёз ва обу намак истифода мешавад. Ошпазон мувофиқи табъ ва хоҳиш ба он нахӯд, зира, заъфарон, сирпиёз, биҳӣ, мурч, зелол, лимӯ ва дигар маҳсулоти хуштамъкунанда илова мекунанд.

“Ховар” менависад, ки дар Тоҷикистон беш аз 200 навъи палавро мепазанд. Ба мисли палави баргитокӣ, палави софӣ, оши кенҷа, оши девзира, оши заъфаронӣ, қимапалав, оши дампухт, оши кӯҳнадам, оши биҳигин, оши як ба як, оши ҳафтравған,  иликпалав, халтапалав, сурхпалав ва ғайра.

Аксҳо аз АМИТ “Ховар”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button