АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ЧОРЯКИ ЧАРХБОЛУ ҲАВОПАЙМОҲОИ ҶАНГИИ АФҒОНИСТОНРО АЗ ДАСТИ ТОЛИБОН БА ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ГУРЕЗОНДААНД

Дар ҳисоботи Нозири кулли бозсозии Афғонистон(SIGAR), ки рӯзи 30 октябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки ба халабонҳо (лётчикҳо)-и Афғонистон муяссар шудааст, ки моҳи август дар пешорӯи ба дасти ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон афтодани он кишвар 25% чархболу ҳавопаймоҳои ҷангии Урдуи давлатиро ба кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Ӯзбекистон гурезонанд. Ин ниҳод ҷамъи техникаи ҳавоии Урдуи давлатии Афғонистон моҳи июли соли ҷорӣ 167 адад баршумурда, гуфтааст, ки беш аз 40 адади он ба кишварҳои ҳамсоя гурезонда шудааст.

Дар миёнаи моҳи август, вақте ҷангҷӯёни Толибон Мазори Шариф, бузургтарин шаҳри шимоли Афғонистонро ба даст оварда, пойтахташ, шаҳри Кобулро иҳота карданд, садҳо нафар аз низомиёни афғон, чӣ аз нирӯҳои ҳавоӣ ва чӣ аз нирӯҳои заминӣ, ба сурати оммавӣ ба Тоҷикистону Ӯзбекистон фирор карданд.

Аз ҷумла даҳҳо халабон, аҳли оилаи худро ба чархболу ҳавопаймоҳо бор карда, аз майдонҳои ҳавоии Мазори Шариф ва Кобул ба тарафи шимол фирор карданд. Бино ба иттилои хабаргузории «Фергана», ҳудуди 500 низомии нирӯҳои ҳавоии Афғонистон ва хешовандони онҳо дар Тирмизи Афғонистон нишастанд. Гуфта мешуд, ки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ низ бо афроди наздикаш дар чор чархболи пур аз пул дар Тирмиз нишаста ва сипас аз Ӯзбекистон ба Дубай рафт.

Бино ба гузоришҳо, «ҳудуди 15 халабони афғон бо ҳавопаймоҳои сабуки навъи A-29 Super Tucano, 11 халабон бо чархболҳои UH-60 Black Hawk, 12 лётчик бо вертолетҳои MD-530 ва лётчикҳои зиёде бо вертолётҳои Ми-17 ба Ӯзбекистон паноҳ оварданд».

Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон хабар дод, ки рӯзҳои 12 ва 13 сентябр ҳамаи ҳарбиёни афғони ба ин кишвар фироркарда, “ба кишвари сеюм” интиқол дода шуданд. Расонаҳо хабар доданд, ки онҳоро ба як пойгоҳи Амрико дар халиҷи Форс интиқол додаанд.

Дар Тоҷикистон, бино ба гузоришҳо, беш аз 150 низомии афғон, аз ҷумла лётчикҳо, бо шумули як зани ҳомила, боқӣ мемонанд. Интизор меравад, рӯзҳои наздик Амрико онҳоро ба ягон кишвари сеюми амн интиқол диҳад. Дар аввали моҳи октябр дар Конгресси Амрико зимни баррасии ин масъала гуфта шуд, ки лётчикҳои афғон 16 чархболу ҳавопайморо ба Тоҷикистон гурезондаанд.

Моҳи сентябр, хабаргузории русии Авиа.про хабар дод, ки дар рӯзҳои тасарруфи Афғонистон аз ҷониби ҷангиёни Толибон халабонҳо (пилотҳо)-и нирӯҳои ҳавоии Урдуи миллӣ тавонистанд дастикам 61 техникаи ҳавоӣ, аз ҷумла 26 чархбол ва 35 ҳавопаймои ҷангиро ба кишварҳои ҳамсоя гурезонда, бо ин кор Толибонро аз истифода як бахши аъзами техникаи ҳарбии Урдуи миллӣ маҳрум кунанд.

Бино ба иттилои Авиа.про, ин чархболу ҳавопаймоҳоро аз Афғонистон гурезондаанд:

19 чархболи Ми-17;

7 чархболи  UH-60;

7 ҳавопаймои ҷангии A-29 Tucano (яке аз ин ҳавопаймои гурезондашударо нирӯҳои дифои зиддиҳавоии Ӯзбекистон шаби 15 август зада афтонданд);

17 ҳавопаймои сабуки Cessna 209B;

11 ҳавопаймои Pilatus-12NG.

Дар ҳамин ҳол, «Военное обозрение», як пойгоҳи дигари таҳлилҳои ҳарбии Русия рӯзи 19 сентябр хабар дод, ки аксари ин техникаи ҳарбии ҳавоии Афғонистон, тақрибан 46 чархболу ҳавопаймояшро ба Ӯзбекистон интиқол додаанд ва қисмати камтарашро – ба Тоҷикистон.

 «Тавре маълум шуд, ба Ӯзбекистон 7 чархболи UH-60A, 19 чархболи Ми-17, 6 ҳавопаёмои ҷангии А-29В, 5 ҳавопаймои сабуки Cessna 209B ва на камтар аз 11 ҳавопаймои Pilatus-12NG интиқол дода шудаанд. 12 ҳавопаймои  Cessna 208B дар Тоҷикистон нишастанд. Ба ғайр аз ин, як ҳавопаймои ҷангии А-29В ё суқут кард ваё аз тарафи нирӯҳои зиддиҳавоии Ӯзбекистон зада шуд ва як чархболи UH-60А то фурудгоҳ расида натавонист ва ба далели тамом шудани сӯзишвориаш дар наздикии сарҳад нишаст», – гуфта мешуд дар матлаби “Военное обозрение”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button