АфғонистонВидеоҲодиса

БОЗДОШТИ 5 НАРКОБАРОН БО 110 КИЛО ЧАРСИ АФҒОНӢ (ВИДЕО)

Кормандони шуъбаи чоруми раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Тоҷикистон аз як гуруҳи фаромиллии наркобаронҳо, ки шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистонро дар бар мегирифт,  110 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш (чарси афғонӣ) мусодира кардаанд.

Эҳсон Абдуллозода, корманди маркази матбуоти ВКД дар гузоришаш дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” гуфт, ин занҷираи қочоқи маводи мухаддир аз се ҳалқаи алоҳида, дар умум 6 нафарро фаро мегирифт, иборат буда, маводи мухаддирро аз Афғонистон ворид карда, мехостанд аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва аз онҷо ба кишварҳои дигар қочоқ кунанд

Кормандони шуъбаи чорум сараввал се шаҳрванди Тоҷикистон:

  1. Зайдуллоев Баҳриддин, с.т.1973, сокини ҷамоати Заргар дар канори шаҳри Ҳисор,
  2. Раҷабов Султон Мирзомуродович, с.т. 1991, сокини деҳаи Қалъаи Ҳисор ва
  3. Халилов Абдуалӣ Ҷалилович, с.т. 1958, сокини ҷамоати Алмосӣ дар канори ш. Ҳисорро боздошт ва аз онҳо 50 кило маводи мухаддир гирифтаанд.

Назари боздоштшудаҳо ё вакилони онҳо ҳанӯз дастрас нест, вале ВКД мегӯяд, дар рафти тафтиш маълум шуд, ки роҳбарии ин шабакаро Зайдуллоев Баҳриддин бар уҳда дошта, ӯ бо қочоқбарони маводи мухаддир дар Афғонистон робита доштааст.

Зайдуллоев Баҳриддин дар гузориши нашршуда ин иттиҳомро ба гардан гирифт ва гуфт: “Ҳамин корро ман ташкил карда будам. Ҳамин одамонро ман роҳӣ кардам ба марзи Афғонистон…”

Дар ҷараёни тафтиш, мақомот як шаҳрванди Афғонистон бо номи Муҳаммадаъзам валади Муҳаммадшарифро дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон дастгир карда, ҳангоми кофтукоб аз вай 56 кило маводи нашъадор мусодира карда шудааст.

“Маълум карда шуд, ки Муҳаммадаъзам валади Муҳаммадшариф бо Зайдуллоев Баҳриддин робита дошта, сарчашми таъмини ин шабака бо маводи нашъадор ба ҳисоб меравад”, – мегӯяд муаллифи гузориш дар барномаи “Ахбори ВКД”.

Ин сокини ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Кундуз ҳамчунин ба убури ғайриқонунии марз низ айбдор мешавад.

Мақомот ҳамчунин ҳамчун узви ин гуруҳ Одинаев Озодбек Ғафурович, сокини маҳаллаи Чортути ноҳияи Синои шаҳри Душанберо дастгир кардаанд. Аз Одинаев, ки қаблан ҳам бо айни ҷурми қочоқи маводи мухаддир суд шуда буд,  ҳангоми кофтукоб 3 кило маводи мухаддир гирифтаанд. Боз як нафари дигар: Давлатов Эмомалӣ Эшмуродович, сокини деҳаи Деҳқонобод дар канори шаҳри Ҳисор бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ин шабакаи қочоқбар дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1370 км марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст.

Ахиран раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз мусодираи 500 кило маводи мухаддир аз як гуруҳи қочобар хабар дод, ки дар 30 соли истиқлоли Тоҷикистон натиҷаи бесобиқа ва рекордӣ дониста мешавад. Ин миқдори мусодирашудаи маводи мухаддир дар бозори сиёҳ наздики 6 миллион доллар арзиш доштаст.

Дар натиҷаи амалиёти вижа 6 узви ин мафияи нашъаҷаллоб, аз ҷумла роҳбарашро дастгир карданд. Милитсияи Душанбе гуфт, ин мафияи нашъаҷаллоб маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда, аз ин ҷо то ба кишварҳои Аврупо қочоқ мекард. Танҳо молу мулки ҳабсшудаи раҳбари ин гуруҳ Азизулло Абдуллоев, маъруф ба “Азизи домсоз” беш аз 18 миллион сомонӣ баровард шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button