ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистон

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ПАРВАНДАИ ШИКАНҶАИ МАДИНАРО ЗЕРИ НАЗОРАТИ ХУД ГИРИФТ (ВИДЕО)

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ  ва шаҳдори Душанбе ҷараёни тафтиши парвандаи Мадина Мамадҷоноваро зери назорати бевоситаи худ гирифтааст.

Дар ин бора Наврӯз Қурбонзода, сухангӯи Маҷлиси миллӣ дар Фейсбук хабар дод.

Бино ба иттилои расмӣ, Рустами Эмомалӣ муроҷиати сокини шаҳри Душанбе – Алимова Зулфия аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ “дар хусуси ба духтараш Мамадҷонова Мадина аз ҷониби шаҳрванд Давлатова Азиза 25 августи соли 2021 бо роҳи шиканҷа расонидани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва дар ҳолати вазнин ба Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии «Шифобахш» дар ҳолати беҳушӣ овардани ӯро, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.”

Наврӯз Қурбонзода навишт, қаблан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи тафтиши ин қазия бар асоси қонуни афв кушодани парвандаи ҷиноятиро дар робита ба ин ҳодиса рад кардаанд, вале Рустами Эмомалӣ “бо инобати дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён омадани афкори гуногун, ба Прокуратураи Генералӣ ва Вазорати корҳои дохила дастур дода, зимни иҷрои он санҷиши ҳолати кор аз нав оғоз карда шуда, тафтиши ҳаматарафа, пурра ва объективонаи он таҳти назорати бевосита қарор дода шудааст.”

Рӯзи 30 октябр адвокати Мадина Оқил Сангов хабар дод, ки додситонии ноҳияи Сино ин қазияро барои тафтиши дубора ба мақомоти корҳои дохилӣ баргардондааст.

Сомонаи “Бомдод” қаблан хабар дода буд, ки Мадина рӯзи 25 август рабуда шуд ва баъди тақрибан 14 соат ҷасади нимкуштаи ӯро дар ҳолати кома ба бемористон оварданд. Гумон меравад, ки ӯро Азиза Давлатова, ҳамсари Парвиз Давлатов, як корманди ширкати “Мегафон”, марде, ки Мадина Д. ҳам бо ӯ робита дошт, аз сари рашк ба ин ҳол овардааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Азиза нисбат ба шавҳараш шубҳа пайдо карда, телефони ӯро таҳти таъқиб қарор медиҳад ва рӯзи 25 август муайян мекунад, ки ӯ дар хонаи Мадина аст. Парвиз аз омадани ҳамсараш хабар шуда, думро хода мекунад ва маъшуқаашро танҳо мегузорад.

Азиза бо кадом василае Мадинаро ба мошин савор карда, ба берун аз шаҳр мебарад ва аз соати дуи рӯзи 25 август то соати якуними шаби 26 август ба эҳтимоли ғолиб чандкаса Мадинаро азобу уқубат ва шиканҷа медиҳанд. Ӯро сипас дар ҳолати мадҳушӣ (кома) ба бемористони “Шифобахг” (Қараболо) овардаанд.

Мадинаро дар ҷараёни соатҳои асораташ чанд дафъа муддати тӯлонӣ буғӣ кардаанд ва дар натиҷа майнаи сараш муддатҳо бидуни ҳаво (кислород) мондааст ва як қисмати мағзи сари ин ҷавонзан дигар дуруст кор намекунад. Ӯ то ҳол касеро намешиносад, гуфта наметавонад, ки он рӯзи наҳс бо вай чӣ гузашт, мунтазам дод мезанад ва табибон тарс доранд, ки ӯ дигар барои умрбод маъюб шудааст.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ дар як муроҷиатномаи муштарак аз шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ  Рустами Эмомалӣ,  додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода хостанд, ки ин қазияи одамрабоӣ ва азобу уқубати гаравгонро зери назорати қатъии худ бигиранд.

 “Ба модараш баргардондани духтари солими ӯ ва ба кӯдакаш баргардондани модари солими вай, мутаассифона, дигар имкон надорад. Вале мо хеле хоҳиш мекунем, ки ҷинояткорро ёфта, ба ҷазои қатъӣ расонанд!!! Набояд оне, ки як одами солимро чунин маъюб кард, аз ҷавобгарӣ халос шавад. Вазифаи асосӣ ёфтан ва ба ҷавобгарӣ кашондани ҷинояткор аст!!!”, -гуфта мешавад дар муроҷиатномаи дастаҷамъонаи фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ, ки зери он алакай садҳо нафар имзо кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

3 Comments

  1. Очень надеемся,что справедливость восторжествует!Никто не имеет право распоряжаться жизнью другого человека,как бы он не был виноват !

  2. Надоело! Раздражает, то что люди не боятся нарушать закон, вседозволенность ….
    Мы живём в правовом государстве, пусть ответят, перед закон все равны!!!

  3. Мухтарам Рустами Эмомали аз шумо хохиш карда мешавад тамоми гирду атрофатонро назорат кунед Мо чавонон умеди калон дорем аз миллату аз кишварамон Барои хуб гаштани кишвар кушиш мекунам амммо беъзехо аз мансаб истифода бурда тамоми хастии Халки камбагалро ба Хок яксон мекунанд .Мустахкам ва обод бошед

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button