Номаҳо ба президентҶомеа

ЗАНИ ЯКУМИ П.Д. ЗАНИ ДУЮМАШРО ЗАДА, НИМКУШТА КАРДААСТ: А.Д. – ГУРЕХТ, М.Д. – ДАР КОМА… (ВИДЕО)

Чанд рӯз боз дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ як мавзӯи асосии баҳси мардум зани дуюми як корманди баландпояи ширкати “Мегафон”–ро зада, нимкушта кардани зани якуми ин одам аст. Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз мақомот талаб доранд, ки ба ин қазия дахолат карда, нафарони гунаҳкор дар ин ҷинояти ваҳшиёнаро ба ҷавобгарӣ бикашонанд.

Нигина Мамадҷонова, нависанда ва равоншиноси тоҷик, ки асосан ба масоили хушунат ва зӯроварӣ дар оила машғул аст, дар як пахши мустақим дар саҳифааш дар Фейсбук ҷузъиёти ин ҳодисаро нақл кард.

Ба гуфтаи ӯ, ин фоҷиа рӯзи 25 август рух додааст.

А,Д.,  ҳамсари қонунии П.Д.  ба рафтори шавҳараш шубҳа пайдо карда, тавассути телефонаш муайян мекунад, ки ӯ дар хонаи М.Д. ном як ҷавонзани дигар аст. Ё худи А.Д. занг мезанаду ҷанҷол мебардорад, ё бо кадом роҳи дигар, П.Д. мефаҳмад, ки ҳамсараш бо нияти ҷанҷол ба пеши онҳо омада истодааст ва зуд ба қавле “думро хода мекунад” ва ишқи навашро танҳо мегузорад.

Ин ҳам маълум нест, ки чӣ гуна, вале ба А.Д. муяссар мешавад, ки тақрибан соати 14 М.Д. –ро ба мошин савор карда, аз шаҳр берун барад – ё ба Варзоб, ё ба Тагоб. М.Д. –ро соати якуними шаб дар ҳолати кома ва бо сару рӯ ва бадани пур аз осори латтукӯб ба хонааш оварда, партофтаанд.

Худи М.Д. инак беш аз ду моҳ боз касеро намешиносад, фақат дод мезанаду нола мекунад ва дар бораи ончӣ ки бо вай дар тӯли он қариб 12 соати “асорат” гузашт, чизе нақл карда наметавонад.

Ташхисҳои тиббӣ нишон додаанд, ки ӯро дар тӯли соатҳои зиёд нафақат шадидан латтукӯб ва тамоми аъзои баданашро сиёҳу кабуд кардаанд. Ӯро дар “асорат” он қадар зиёд буғӣ кардаанд, ки мағзи сараш муддатҳо бидуни ҳаво (кислород) мондааст а дар натиҷа, як қисмати мағзи сари М.Д. аз кор баромада, ин ҷавонзан умрбод маъюб шудааст. Табибион тарс доранд, ки М.Д., ҳатто агар зинда бимонад, дигар ҳеҷ гоҳ мисли пеш солиму бардам нахоҳад шуд.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ,  додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода хостаанд, ки ин қазияи одамрабоӣ ва азобу уқубати гаравгонро зери назорати қатъии худ бигиранд.

 “Ба модараш баргардондани духтари солими ӯ ва ба кӯдакаш баргардондани модари солими вай, мутаассифона, дигар имкон надорад. Вале мо хеле хоҳиш мекунем, ки ҷинояткорро ёфта, ба ҷазои қатъӣ расонанд!!! Набояд оне, ки як одами солимро чунин маъюб кард, аз ҷавобгарӣ халос шавад. Вазифаи асосӣ ёфтан ва ба ҷавобгарӣ кашондани ҷинояткор аст!!!”, -гуфта мешавад дар муроҷиатномаи дастаҷамъонаи фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ, ки зери он алакай садҳо нафар имзо кардаанд.

Бовар меравад, ки дар ин қазияи “ҷазо” додани ишқи нави ҳамсараш дар он рӯзи 25 август А.Д. танҳо набуд.  Он қадар азобу уқубат ва шиканҷае, ки нисбат ба М.Д. он рӯз раво дидаанд, ба эҳтимоли ғолиб, кори дасти чанд нафар аст…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button