ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ТО 31 ОКТЯБР ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАВОИ НОМУСОИД ПЕШБИНӢ КАРДА МЕШАВАД

мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 28 то 31 октябр дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла дамои ҳаво паст рафта, борон ва дар баландиҳои болотар аз 2000 метр барф меборад. Дар ноҳияҳои баландкӯҳ барфи шадид меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо то ба 10-12 дараҷа поин меравад. 

Чанд тавсия барои ин рӯзҳо.

Моҳҳои тирамоҳ бо ҳавои номусоиди худ аз моҳҳои дигари сол фарқ мекунанд. Рӯзҳои боронӣ ҳамроҳ бо шамол меоянд, гармо тадриҷан ҷойи худро ба сармо медиҳад ва табиат худро ба пазириши фасли сарди зимистон омода месозад. Дар ин моҳҳо сӯхторҳои маишӣ бештар мешаванд, ки аксар вақт ба истифодаи асбобҳои барқии гармидиҳанда вобаста мебошанд. Бар асари боришҳо ҳаракат дар роҳҳо мушкил мешаванд, бахусус дар роҳҳои кӯҳӣ резиши санг дар натиҷаи борандагиҳои зиёд таҳдид мекунад. 

Аз ин рӯ, КҲФ қабл аз ҳама хоҳиш мекунад сокинон дар истифодаи асбобҳои барқӣ эҳтиёткор бошанд. Маъмулан рӯзу шабҳои сард талаб мекунанд, ки аҳолӣ бештар аз ин гуна асбобҳо истифода кунанд. Агар шумо дар хона якбора чанд асбоби гармидиҳандаи барқиро истифода кунед, он метавонад боиси халал дар хати интиқол барқ шавад, розеткаҳои шумо оташ гиранд ва мушкил болои мушкил шавад. Бахусус асбобҳои дастсохти барқӣ хеле хатарноканд, чун онҳо бе дар назар гирифтани қоидаҳои бехатарӣ сохта шудаанд.  АЗ ОНҲО ИСТИФОДА НАКУНЕД!!!

Касоне, ки бо вуҷуди наздик омадани сардиҳо боз ҳам дар оғӯши табиат истироҳат мекунанд, бояд шарту шароити фасли тирамоҳро донанд. Бахусус касоне, ки шикор мекунанд ва ё моҳигирӣ мераванд. Дар вақти боди сард ба назди махзанҳои об наравед, боз агар ҳаво абриву туману торик бошад. Ҳамеша қабл аз сафар ба наздиконатон дар бораи макони шикору моҳидории худ гӯед, онҳо бояд донанд, ки шумо маҳз дар куҷоҳо хоҳед буд. Ҳамроҳатон телефони мобилӣ бигиред ва бояд телефони шумо ду-се корт дошта бошад.

Ба сокинони наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ тавсия медиҳем, ки ҳамеша ба хабарҳо ва тавсияҳои  КҲФ, ВКД ва Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон дар бораи тағйири обу ҳаво, барфу борон ва ғайра гӯш диҳанд. Дар чунин рӯзҳо ҳаргиз кӯдаконро ба чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум танҳо нафиристед. 

Бориши барфу борон роҳҳоро мушкилгузару хатарнок мекунад ва он метавонад сабаби афзоиши шумори ҳодисаҳои фоҷеабори нақлиётӣ ва харобу валангор шудани мошинҳо шавад. Дар ин мавсими сол бояд ҳам ронандагон ва ҳам пиёдагардон эҳтиёткор бошанд, саросемагӣ ҳамеша яке аз омилҳои хатар ба ҷони шумост.

Ронандагон вақте дар чунин рӯзҳои боронӣ азми сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳиву назидкӯҳӣ мекунанд, ё аз ағбаҳо мегузаранд, ҳамеша шароити ҳавои номусоидро пеши назар дошта бошанд. Мошини худро барои ҳаракат дар чунин шароит омода созанд. Қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд. дар ин мавсим резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтимол дорад. Аз ин рӯ, ҳамеша эҳтиёт кунед!

Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳолати фавқулода бо шумораҳои телефонҳои зерин ба қисми навбатдории кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бахшҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии он занг занед ва аз мушкили ба саратон омада хабар диҳед:

112, 221-13-31, 93 880 28 19;

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:

– 225-44-73, 225-44-76, 225-44-90;

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:

– (83139) 2-60-74, 2-60-45;

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:

– (83222) 2-35-05, 2-78-28;

Шуъбаи КҲФ дар шарҳи Кӯлоб:

– (83322) 2-36-60, 2-34-73;

Раёсати КҲФ дар ВМКБ:

– (83522) 2-40-57, 2-53-47;

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:

– (83422) 6-58-72, 5-15-55.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button