ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ СЕ НАФАР, АЗ ҶУМЛА КӮДАКИ ШИРМАК, ДАР ЯК САДАМАИ САХТ ДАР АШТ

ВКД Тоҷикистон аз боз як садамаи пурқурбонӣ, ки боиси ҳалокати се нафар ва ҷароҳат бардоштани якеи дигар шудааст, хабар дод.  Ин садама бегоҳи 27 октябр дар ҳудуди ноҳияи Ашт  бар асари бархӯрди ду мошини “Лексус” ва “Опел” рӯй додааст. Ҳамаи қурбониён ронанда ва мусофирони  “Опел” буда, дар ин ҳодиса аз ҷумла як кӯдаки ширмак ҳалок ва як кӯдаки панҷсола маҷруҳ шудаанд. Рӯзи 25 октябр низ бар асари бархӯрди ду мошини “Опел” ва “Мерседес” дар роҳи Данғара Левакант 4 нафар, аз ҷумла падару писар аз Кӯлоб ба ҳалокат расида,  4 нафари дигар захмӣ шуда буд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, рӯзи 27 октябр, тахминан соати 17:30, ронандаи мошини тамғаи «Лексус», Турсунбоев Раҳимҷон Рустамович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Дӯстии ноҳияи Ашт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда, Абдураҳмонов Лоиқҷон Ҷамолиддинович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳраки Шайдон, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи «Опел-Астра», Абдураҳмонов Л.Ҷ. ва мусофиронаш Назарова Рухангез Музаффаровна, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ашт ва хурдсол Аслонов Раҳимҷон Дилшодович, соли таваллудаш 2021, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари ин мошин ноболиғ Аслонова Нигина Ҷамолиддиновна, соли таваллудаш 2016, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Тафтиши ин ин ҳодиса идома дорад.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки рӯзи 25 октябр, тахминан соати 13:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Исмоилов Аҳмад, соли таваллудаш 1948, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Левакант ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда, Раҷабов Рустам Маҳмадсамиевич, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи “Опел-Астра”, Исмоилов А. ва мусофиронаш: Исмоилов Маҳмадшариф Аҳмадович, Нуралиев Саъдулло Мастонқулович, соли таваллудашон 1990, сокинони шаҳри Кӯлоб ва мусофири “Мерседес”, Бобоҷонов Рамазон Муродович, соли таваллудаш 1994, сокини Кӯшониён, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи “Мерседес-Бенс”, Раҷабов Р.М. ва мусофиронаш: Арзиева Адолат, соли таваллудаш 1959, Алимардонова Улхуной, соли таваллудаш 1960, сокинони ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара ва Раҷабалиев Бобоҷон, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Дар нимаи аввали соли 2021 дар роҳҳои Тоҷикистон 151 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button