ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР КӮШОНИЁН ЯК МАРДИКОРРО АЗ “МАРДИКОРБОЗОР” ҒОРАТ КАРДААНД

Ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати Заргари ноҳияи Кӯшониён ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 27 октябр, як навраси 16-соларо гӯё барои мардикорӣ ба хонааш оварда, корд ва қайчиро ба гулӯяш монда, бо роҳи зӯроварӣ  телефони мобили ӯро кашида гирифтааст.

хххххххххххххх

Сокини 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки моҳи майи соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии сокини 32-солаи ҷамоати Чимтеппа даромада, аз ӯ барои тиҷорат 275 ҳазор сомонӣ, баъдан, 3 мошини тамғаҳои “Опел-Зефира”, “Опел-Астра” ва “Опел-Вектра”-ро ба маблағи 230 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтааст.

ххххххххххххххххх

Сокини 50-солаи ҷамоати Савноб ноҳияи Рушон ба он гумонбар мешавад, ки шаби 22 ба 23 октябр, тахминан соати 00:50 пинҳонӣ вориди хонаи як сокини 36-солаи Савноб шуда, 4 ҳазор сомонӣ пули нақдашро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 29 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошт гардидани ҷавони 24-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза марди 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 27-уми октябри соли 2021, тахминан соати 12:00, писари ноболиғи 16-солаашро “Умед” ном шахси номаълум аз бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар бо роҳи фиреб ба хонаи истиқоматиаш барои мардикорӣ оварда, корд ва қайчиро ба гулӯяш монда, бо роҳи зӯроварӣ 1-адад телефони мобилии тамғаи “ОРРО А-52”-ро тасарруф намудааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Заргари ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2021, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чимтеппа марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 275 ҳазор сомонӣ, баъдан, 3-адад автомашинаи тамғаҳои “Опел-Зефира”, “Опел-Астра” ва “Опел-Вектра”-ро ба маблағи 230 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтааст. Баъдан автомашинаҳоро фурӯхта, маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Зарари расонидашуда 505 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Рушон бо ариза марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 22 ба 23-юми октябри соли 2021, тахминан соати 00:50-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 4 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50-солаи сокини ҷамоати деҳоти Савноб бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардида, ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button