Дин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

БОЗДОШТИ СЕ ХОРИҶӢ, АЗ ҶУМЛА ЯК ТОҶИКИСТОНӢ, БО ИТТИҲОМИ ТЕРРОРИЗМ ДАР ТУРКИЯ (ВИДЕО)

Додситонии минтақаи Анкара, пойтахти Туркия ҳукми ҳабси 6 нафари гумонбар ба мусоидат ба фаъолиятҳои террорстиро ба даст оварда, бино ба иттилои  расонаҳои туркӣ,  кормандони идораи мубориза бо терроризми пулиси Анкара дар ҷараёни як амалиёти вижа се шаҳрванди хориҷиро дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо “бо созмони террористии ДОИШ иртибот доштанд.”

 Исми боздоштшудаҳо ва аз кадом кишвар будани онҳо расман нашр нашудааст, вале дар аксҳои аз маҳалли боздоштҳо нашршуда ду шиносномаи Русия, як шиносномаи Қазоқистон ва як шиносномаи Тоҷикистон дида мешавад.

Пулис гуфт, таъқиби се гумонбаршаванда ҳанӯз идома дорад.

Дар видеои нашркардаи пулиси зидди террори Анкара дида мешавад, ки кормандони пулис вориди як манзил шуда, чанд ҷавонро, ки дар як ҳуҷра хобида буданд, дастгир карданд.

Пулис гуфт, дар ҷараёни кофтукоби манзилҳои гумонбаршавандагон тирҳои пистолет, як магазин, як камон,  ноқилони иттилоот ва ҳамчунин як ҳуҷҷати ронандагии қалбакии Туркия ёфт ва мусодира карда шудааст.

 Туркия ба маҳзи ҳаммарз буданаш бо Ироқу Сурия дар солҳои охир ба як масири асосии ба ин ду кишвар сафар кардану ба саффи гуруҳҳои террористие, чун ДОИШ, пайвастани ҷангталабон аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла аз Русияву Тоҷикистон, табдил ёфта буд. Се сол пеш мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки мақомоти амниятӣ ва пулиси Туркия ҳудуди 100 шаҳрванди тоҷикро ё дар роҳи сафар ба Ироқу Сурия ваё дар роҳи бозгашт аз он ду кишвари ҷангзада дастгир ва ба Душанбе истирдод кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button