ВидеоИқтисодҲодиса

БАРОИ ҲАР КМ –2 МЛН $: 75 КМ РОҲИ ДУШАНБЕ – БОХТАР БО САРФИ 153 МЛН $ НАВСОЗӢ ШУДААСТ (11 АКС)

Рӯзи 29 октябр бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои якум ва дуюми роҳи “Душанбе – Бохтар”- ро, ки беш аз 75 километрро ташкил медиҳанд, пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар умум барои ин ду марҳала 153 миллион доллар сарф шудааст, яъне барои навсозии ҳар километри роҳ беш аз 2 миллион доллар. Барои 9,5 км марҳалаи сеюми роҳ бошад, 31 миллион доллар ҷудо шудааст. Аксари маблағҳои сарфшуда барои бозсозии ин роҳ кумакҳои билоиваз ва як қисмаш қарз мебошад.

Танҳо марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, барои навсозӣ ва аз категорияи сеюм ба категорияи яки “Б” гузарониданаш 97 миллион доллар маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки Осиёии Рушд ва Фонди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар аз ҳисоби худи Тоҷикистон сарф шудааст. Навсозии ин роҳ аз 26 октябри соли 2017 оғоз ёфта, 4 сол тӯл кашид.

Дар рафти таҷдид ва азнавсозӣ дар ин қисмати роҳ аз ду самти ҳаракат 4 пул, 4 гузаргоҳи зеризаминӣ барои чорво ва техникаҳои кишоварзӣ, як гузаргоҳи болоизаминӣ барои пиёдагардон, 69 қубур, ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин ва гардишгоҳҳо аз ду шафати роҳ беш аз 500 ҷароғаки равшанидиҳанда бо истифодаи энергияи офтобӣ насб гардида, паҳнои роҳ низ аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар ин қисмати роҳ  дар масоҳати беш аз 25 ҳазор метри мураббаъ корҳои кабудизоркунӣ анҷом  дода шуда, нуқтаҳои хизматрасонӣ – хонаи модару кӯдак, бозорчаи мавсимӣ, таваққуфгоҳ ва нуқтаи санитарӣ бунёд карда мешавад. Ҳамин тавр, аз ҳисоби ин лоиҳа 2 км роҳи назди бозори “Корвон” ҳам навсозӣ шуда, насби насосҳои обкашӣ бо истифодаи энергияи офтобӣ, хобонидани қубурҳои обгузар ва бо оби ошомиданӣ таъмин намудани шаш маҳалли аҳолинишин, бо барқ таъмин намудани як бунгоҳи тиббӣ ва бунёди як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва равшаннамоии нақби “Озодӣ” дар нақша қарор дорад.

Марҳилаи дуюми таҷдиди шоҳроҳи “Душанбе – Бохтар”, ки соли 2018 сар шуд,  яке аз се қисми асосии лоиҳаи азнавсозии шоҳроҳи мазкур ба ҳисоб рафта, аз километри 33 то километри 73 – юмро дар бар мегирад ва пурра аз ҳудуди 3 ҷамоати ноҳияи Хуросон мегузарад.

Дарозии умумии роҳи мазкур 35 километру 575 метрро дар бар мегирад ва паҳноии он аз 23 то 27 метрро ташкил дода, бо 4 хатти ҳаракати 3,5 метра ба ду самт бо пойдеворҳои бетонӣ ҷудо карда шудааст. Барои навсозии марҳалаи дуюм дар умум 56 миллион доллар харҷ шудааст.

Қарор аст, акнун марҳилаи сеюми роҳ аз қитъаи Қизилқалъа то шаҳри Бохтар ба масофаи 9,2 километр навсозӣ шавад. Дар ин марҳила бунёди 2 пули нав, 8 истгоҳ, 16 қубури обгузар, дар тули 4 километр насби чароғҳои равшанидиҳанда, сохтмони пиёдароҳ дар масоҳати 9 ҳазору 500 метри мураббаъ ва гузоштани аломатҳои ишоравӣ дар тамоми мавзеи роҳ пешбинӣ гардидааст.

Маблағгузории марҳилаи сеюм 31 миллион долларро ташкил медиҳад, ки кумаки грантӣ аз ҳисоби Ҳукумати Ҷопон тавассути Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) мебошад.

Дар доираи лоиҳа корҳои васеъ кардани ду канори роҳ ба нақша гирифта шуда, рафтуомади воситаҳои нақлиёт аз 2 самти ҳаракат ба 4 қатор расонида мешавад.  

То имрӯз аз ҷониби мутахассисони тоҷик дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Ҷопон корҳои насб ва ба кор даровардани заводи бетон, буридани қисми болоии хок ва сохтмони комаи роҳ анҷом дода шуда, сохтмони 2 пул, қубурҳои чоркунҷашакл ва қабатҳои асосии роҳ оғоз гардидааст.

Ифтитоҳи марҳилаҳои якум, дуюм ва муаррифии лоиҳаи таҷдиду навсозии марҳилаи сеюми роҳи “Душанбе - Бохтар”   29.10.2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button