ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СИРКБОЗӢ БО 140 000 ДАР НАЗДИ БИНОИ СИРК ВА ДУЗДИИ ЯК ХАЛТА ПОЙАФЗОЛ АЗ “КОРВОН”

Сокини 44-солаи ҷамоати Россияи ноҳияи Рӯдакӣ, ки қаблан ҳам барои қаллобӣ суд шудааст, ба он гумонбар мешавад, ки аввалҳои моҳи февралбо роҳи фиреб дар наздик бинои Сирк 140 ҳазор сомониияк зани 31-солаи сокини ноҳияи Фирдавсиро гирифта, то ҳол барнагардондааст.
хххххххххххх

Сокини  30-солаи Фирдавсӣ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 19 октябр, соати 15, дар бозори “Корвон” як халтаи пур аз пойафзоли сокини 38-солаи пойтахтро дуздидааст.

хххххххххххх

Сокини 28-солаи ҷамоати Қади-Об дар канори Роғун ба он гумонбар мешавад, ки аз моҳи март то моҳи августи соли 2021 бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи зани 19-солаи ҳамдеҳааш ба маблағи 3730 сомонӣ масолеҳи сохтмонро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 28 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 31-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи феврали соли 2021, дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт назди бинои «Сирки давлатӣ», марди 44-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 140 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҳолатҳои дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 19-уми октябри соли 2021, тахминан соати 15:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар дохили ҶДММ бозори «Корвон» 1-адад борхалтаи пур аз пойафзолашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қади-Оби шаҳри Роғун ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардид.
Номбурда аз моҳи март то моҳи августи соли 2021 бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии ҷавонзани 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қади-Об даромада, аз он ҷо масолеҳи сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 730-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button