Номаҳо ба президентҶомеа

РАИСИ НОҲИЯИ ЁВОН: ИНҶОРО ЁВОН МЕГӮЯНД! ТАБАРМУСУЛМОН! АКСАРИ КУЛЛАШ… (САДО)

Раиси ноҳияи Ёвон  доктори илмҳои техникӣ, профессор Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар як ҷаласа аз зердастонаш талаб кардааст, ки дар кор нисбат ба мардум сахтгир бошанд. Аммо ин талаби ӯро бархе сокинони Ёвон ҳамчун таҳқири мардуми ин ноҳия қабул кардаанд ва аз мақомот талаб доранд, ки нисбат ба раиси ноҳия чораҳои қонунӣ бияндешанд.

Дар навори садоии кӯтоҳе, ки нусхааш ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ расид,  раиси як маҷлис, ки бовар меравад, раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода бошад, хитоб ба муовинаш дар умури кишоварзӣ мегӯяд: “Кишоварзӣ, фаҳмидӣ? Муовини кишоварзӣ! Дар инҷо дигар хел кор кардан даркор. Инҷоро Ё-ВОН  мегӯянд, бародари азиз. ТАБАРМУСУЛМОН! Сахт нагирӣ, намешавад! Болои сарашро нагирӣ, намекунад! Аксари куллаш…”

Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, ин ҷаласа дар оғози даҳаи дуюми моҳи октябр доир шудааст.

Сабаби бо чунин лаҳн ба зердастонаш дарафтодану мардумро “табармусулмон” ном бурдани раиси ноҳия рӯшан нест.

Вале чанде аз сокинони Ёвон, ки ба пойгоҳи “Бомдод” муроҷиат карданд, мегӯянд, мардуми як ноҳияеро, ки ба он роҳбарӣ мекунад ва амалан аз ҳисоби онҳо нон мехӯрад, аслан ба раиси ноҳия зебанда нест. Бавижа ба Ҷамшед Саидзода, ки унвони доктори илм ва профессор ҳам дораду ба қавле аз қишри олиму равшанфикр ба шумор меравад.

Дар Фейсбук саҳифае бо номи “Родмардони Ёвон” низ ин сабти суханронии раиси ноҳияро нашр карда, аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пурсидааст, ки магар ин ноҳурматӣ нисбат ба ноҳияе, ки 250 ҳазор аҳолӣ дорад, нест?”

Ана ҳамин мардуме, ки ба қавли раис, табармусулмонанд, дар пешравии кишвари азизамон кору пайкор намудаанд ва хоҳанд кард”, таъкид шудааст дар муроҷиатнома ба президент.

Саидзода Ҷамшед Ҳамро 10 апрели соли 1966 дар ноҳияиМосква (ҳоло Ҳамадонӣ) ба дунё омада, соли 1990 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-бинокор хатм кардааст.
Доктори илмҳои техникӣ, профессор аст.

Ҷамшед Саидзода баъди хатми донишкада то соли 2004 дар ҳамин мактаби олӣ, ки баъдан Донишгоҳи техникии ба номи М.Осимӣ ном гирифт, кор карда, соли 2004 раиси кумитаи иҷроияи ҳизби ҳокими халқии демократӣ (ҲХДТ) дар ноҳияи И.Сомонӣ ва алакай соле баъд раиси ҲХДТ дар шаҳри Душанбе шуд. Ӯ солҳои 2007-2009 мудири Маркази танзими Лоиҳаҳои обтаъминкунии шаҳри Душанбе ва солҳои 2009-2010 муовини раиси пойтахт буд ва сипас боз ба кори ҳизбӣ баргашта солҳои 2010-2015- раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе буд. Соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд ва то соли 2019 муовини раиси кумитаи корҳои байналмиллалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти палатаи поёнии парлумон буд. Ҷамшед Саидзода 22 июли соли 2019 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон таъйин гардида, 16 марти соли 2020 раиси комилҳуқуқи ин ноҳия шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Мақсад аз нашри ин матлаб фақат барангехтани низоъ ва дасиса аст. Ҳамдиёрони азиз, зинҳор ба доми найранги дасисабозон наафтед.
    Мадуми ноҳияи Ёвон бо амалу андешаи солими худ борҳо собит намудаанд, ки дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии Ватан ва рушди маънавии ҷомеа доиман собитқадам ҳастанд. Онҳо чун дигар сокинони кишвар сиёсати тараққипарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, ба хотири пойдории сулҳу субот ва ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ пайваста саъю талош меварзанд.
    Агар ба сиришти мардуми водии Ёвон дақиқназарона таваҷҷуҳ кунем, комилан боварӣ ҳосил хоҳем кард, ки онҳо, дар баробари хуштабъу зарофатгӯ будан, хеле дурандешу мусолиҳакоранд ва, новобаста аз дидгоҳи инфиродӣ ва манфиатҳои шахсии худ, дар паҳлуи роҳбарон муттаҳид гардида, самимонаю софдилона дар ободонии диёр саҳмгузорӣ мекунанд, манфиати умум барои ҳар як сокини ин ноҳия болотар аз фоидаи шахсист.
    Муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро, ки тайи беш аз ду сол боз масъулияти роҳбариро дар ин ноҳия ба зимма доранд, аллакай ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтирому муҳаббати сокинони Ёвонро соҳиб гаштаанд.
    Таҳти роҳбарии Саидзода Ҷ.Ҳ. ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳияи Ёвон дар соли 2020 нисбат ба соли 2018-ум ба ҳадди 237 миллиону 215 ҳазору 500 сомонӣ афзоиш ёфта, ба 2 млрд. 702 млн. 115 ҳазору 500 сомонӣ расидааст ва ин нишондиҳанда дар нуҳ моҳи соли равон аллакай 2 млрд. 352 млн. 815,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин рақамҳо гувоҳи фаъолияти пурсамари раиси ноҳия ва тарзу усули корбарии он кас мебошанд.
    Дар мавриди суханони ибрознамудаи раис метавон ҳаминро гуфт, ки онҳо маҳз бо мақсади ислоҳи камбудиҳо ва таъмини пешрафт гуфта шудаанд. Мутаассифона, имрӯз баъзе масъулон дар иҷрои вазифаҳои худ саҳлангорӣ намуда, бо бепарвоии худ роҳбаронро водор мекунанд, ки гоҳо аз алфози дурушт кор бигиранд.
    Хулоса, “табармусулмон” гуфтани раиси ноҳияи Ёвон, ки барои як гурӯҳи дар дасисабозию фитнаангезӣ таҷрибадор “дастак” шудааст, асло мазмуни таҳқири касеро (куҷо расад сокинони як ноҳияи сернуфусро), надорад ва набояд сабаби нофаҳмию каҷандешиҳо шавад.
    Сокинони бонангу ор ва шарафманди ноҳияи Ёвон иродаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро садоқатмандона эътироф ва эҳтиром намуда, дар паҳлуи раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро буданд ҳастанд ва хоҳанд монд.
    Ёвониҳо табъан ва фитратан фитнаангез набуданду нестанд ва дасисабозонро шадидан маҳкум мекунанд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button