ВидеоТоҷикистонЧеҳраҳо

МОТАМ ДАР ХОНАИ ГЕНЕРАЛ ҶУМЪАХОН ФУТУР: ПИСАРИ ЯГОНААШ ҶАВОНМАРГ ШУД

Майор Умед Раҳмонзода, фарзанди ягонаи генерал-майор Ҷумъахон Футуров, субҳи 28 октябр дар синни 34 бар асари бемории ҷигар аз олам чашм  пӯшид. Ба гуфтаи наздикони ин хонавода, Умедро ҳамагӣ ду рӯз пеш ба иллати кафидани ҷигараш дар бемористон бистарӣ карда буданд.

Умеди Раҳмонзодаро ҳамин рӯзи 28 октябр дар Душанбе дар канори амакаш генерал Алихон Футур Раҳмон, ки моҳи сентябри соли 2020 қурбони коронавирус шуда буд, ба хок супурданд.

Умед Раҳмонзода то соли 2014 дар Агентии мубориза бо коррупсия ва солҳои баъд дар вазорати корҳои дохилӣ кор мекард. Аз ӯ се фарзанд боқӣ монд.

Дар ин авохир ин алакай бори сеюм аст, ки ғаму мотам дари хонаводаи дар ноҳияи Данғара пурнуфузи Футур Раҳмонро мекӯбад. Рӯзи 9 август Аҳмадҷон Раҳмонзода, фарзанди чоруми Футур Раҳмон дар синни 53 дар шаҳри Бохтар ба иллати коронавирус вафот кард. Рӯзи 24 август Сангимоҳ Раҳмонова, ҳамсари Футур Раҳмон дар синни 92 дар деҳаи Паркамчии ҷамоати Пушинги ноҳияи Данғара, ки ин хонавода аз ҳаминҷо бархостааст, аз олам чашм пӯшид.Ҳамин тавр, 1 сентябри соли 2020 генерал-майор Алихон Раҳмонзода,  писари сеюми ин хонавода низ қурбони коронавирус шуда буд.

Шодравон Футур Раҳмон ва ҳамсараш Сангимоҳ Раҳмонова 5 писар доштанд, ки се нафари онҳо сазовори рутбаи генералӣ шудаанд. Аз як оила бархостани се генерал дар таърихи Тоҷикистон  ҳодисае ба сари худ бесобиқа аст.

Ҷумъахон Футуров

Писари калонии онҳо генерал-майор Ҷумъахон Футуров солҳои зиёд муовини “Зорро “(генерал Иззатулло Шарифзода), раҳбари Саридораи зиндонҳои вазорати адлия буд ва ҳоло ба нафақа баромадааст.

Фарзанди дигари Футур Раҳмонов – генерал Лолахон Раҳмонзода дар тӯли қариб 10 сол роҳбари Агентии амволи махсусро дар даст дошт.

Генерал-майори милиса Алихон Раҳмонзода қаблан дар мақомҳои сардори раёсати мубориза бо маводи мухаддири ВКД ва муовини вазир кор карда,  чанд сол роҳбарии Сарраёсати зиндонҳои вазорати адлияро низ бар уҳда дошт ва сипас боз ба ВКД баргашта, сардории чанд раёсат, аз ҷумла раҳбарии Хадамоти “Муҳофиза”-ро бар ӯҳда дошт. 30 октябри соли 2019 Алихон Раҳмонзода раҳбари раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД, ба истилоҳ “пулиси сайёҳӣ” таъйин шуд, вале баъди  камтар аз як соли кор дар ин мақом, 1 сентябри соли 2020 аз коронавирус ҷон бохт.

Писари чоруми ин хонавода Аҳмадҷон Раҳмонзода, ки соли 1968 ба дунё омада, риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда буд, як умр дар низоми прокуратура кор кард. Ӯ чандин сол прокурори ноҳияҳои Қубодиён ва Дӯстии вилояти Хатлон буд. Соли гузашта ӯ ба Прокуратураи генералӣ ба кор гузашт ва дар раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти милитсия ва агентии зидди маводи мухаддир кор мекард. Аҳмадҷон Раҳмонзода низ алакай ба рутбаи полковники адлия даст ёфта, дар остонаи мисли се бародари дигараш генерал шудан қарор дошт, вале умр вафояш накард. Ӯ рӯзи 9 августи соли 2021 дар манзилаш дар шаҳри Бохтар дар синни 51  ба иллати коронавирус аз олам чашм пӯшид.

Фарзанди аз ҳамаи хурдии Футур Раҳмон Сироҷ Раҳмонов соли 1972 ба дунё омада,  рутбаи майор дорад. Ӯ дар ҳоли ҳозир дар мақоми сардори гузаргоҳи гумрукӣ дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон кор мекунад.

Чор фарзанди Футур Раҳмонов ва Сангимоҳ Раҳмонова

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button