ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

АЙБДОРКУНАНДА БАРОИ РУСЛАН БОБИЕВ ВА ДУГОНААШ 10 МОҲИ ЗИНДОН ТАЛАБ КАРД (ВИДЕО)

Айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 28 октябр, дар нахустин рӯзи мурофиаи парвандаи блогери зодаи Тоҷикистон Руслан Бобиев ва шарики ӯ Анастасия Чистова  дар додгоҳи ҳакамии ноҳияи Твери шаҳри Маскав аз қозӣ барои ҳарду даҳмоҳӣ ҳукми зиндон талаб кардааст. Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС  дар хадамоти матбуоти додгоҳи ноҳияи Твер хабар додаанд.

“Имрӯз дар қитъаи додгоҳи ҳакамии № 370 мурофиаи парвандаи Бобиев ва Чистова доир шуд. Прокурор барои онҳо 10 моҳи ҳукми зиндон бо адои ҷазо дар маҳбаси низомаш умумӣ талаб кард “, – гуфтаанд дар додгоҳ.

Ҳукми Бобиев ва Чистова рӯзи 29 октябр эълон карда мешавад.

Руслан Бобиев ва Анастасия Чистова барои нашри акси имитатсияи алоқаи ҷинсии даҳонӣ дар назди калисои Василий Блаженний дар маркази пойтахти Русия ба таҳқири эътиқоди диндорон айбдор мешаванд.Бар асоси моддаи 148 Кодекси ҷиноятии Русия ба Бобиев ва шарики ӯ барои таҳқири диндорон ҷарима, ё корҳои ислоҳӣ ва ҳатто то як сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Худи Руслан Бобиев баъди боздошташ  дар чанд видео, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолатҳои таҳқиромез, аз ҷумла дар даруни бордони мошин сабт ва паҳн карданд, барои ҳам барои аксгирӣ дар назди калисо ва ҳам барои ба он духтар пӯшондани либоси пулис узр пурсид ва илтиҷо кард, ки ӯро ба Тоҷикистон депортатсия кунанд. “Дигар ҳеҷ гоҳ даст ба чунин кор намезанам”,  – қасам хӯрда буд ӯ дар рафти сабт.

Ёдовар мешавем, Руслан Бобиев рӯзи 30 сентябр дар шаҳри Маскав бо иттиҳоми таҳқири эътиқоди мардуми диндор боздошт шуд. Ӯ рӯзи 29 сентябр дар саҳифаҳояш дар чанд шабакаи иҷтимоӣ як силсила аксҳояш бо як духтари қиёфааш славяниро, ки дар пасманзарашон калисои Василий Блаженний дар майдони Сурх дар маркази Маскав менамояд, нашр кард.

Дар байни ин аксҳои дар умум  қобили қабул як акси беадабонае ҳам буд, ки мавҷи вокунишҳои манфӣ ва даъватҳо аз мақомоти Русия барои боздошт ва муҷозоти ин блогерро ба бор овард.

Дар ин акс блогери тоҷик ва духтаре, ки дар тан либоси пулис дошт, дар пасманзари калисо саҳнаи алоқаи ҷинсиро дар шакли робитаи ҷинсии даҳонӣ (оральный секс) вонамуд мекунанд. Руслан Бобиев дар зери ин акси иғвобарангез навиштааст: “Кодекси меҳнат кодекси ҷиноятӣ нест, онро метавон вайрон ҳам кард.”

Гуфта мешуд, ки блогер ба хотири 10 ҳазор лайк даст ба ин фотосессияи иғвобарангез задааст. Расонаҳо менависанд, ки пулисро ба болои ин пӯшондани либоси пулис ба тани духтари шарики блогери тоҷик боз ҳам бештар ба хашм овардааст.

Бобиев дар Инстаграм 101 ҳазор ва дар ТикТок 5 ҳазор пайрав дошт. Руслан Бобиев зодаи деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз буда, баъди хатми мактаби №6 дар зодгоҳаш ба шаҳри Сочии Русия ва ахиран аз онҷо ба Маскав кӯчидааст. Ӯ қаблан ҳам барои як силсила видеоҳои иғвобарангез, ки одамонро аз пушт омада мезад,  дастгир шуда буд.

Бобиев ягона блогери тоҷик нест, ки дар Русия дастгир шудаанд.

Соли 2019  овозхони рэп ва блогери тоҷик Самандар Раҷабов дар пайи як гирдиҳамоии эътирозии оппозитсияи руся дар Маскав ба ҳамла бо шишаи об ба афсари пулис айбдор шуда, қариб ним солро пушти панҷара ба сар бурд.

Блогер Кароматулло Ҷаборов моҳи феврали соли 2020 барои як пранки ноҷо дар мавзӯи коронавирус дар метрои Маскав дастгир шуд ва танҳо дар аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ, баъди дар пушти панҷара паси сар кардани 1 солу 8 моҳ тавонист ба озодӣ барояд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Гунох кард,бахшиш пурсид,маьлума,ки шатаи хуб хурдагия депортация мекунан.барои Чи дар Россия бо судуш мекунан.Пасоли мо дар Россия Чи кор мекуна пушти Точикоша намегира.Дар гипразем чанд бор чанд точика куштан салдатои 201 дивизия Рассия гурезондашон

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button