ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳон

АВТОБУСҲОИ ӮЗБЕКИСТОН НИЗ БА МУСОФИРКАШОНӢ АЗ ТОШКАНД БА ХУҶАНД САР КАРДАНД

Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар дод, ки ҳаракати автобусҳо дар хатсайри Тошканд-Хуҷанд-Тошканд аз сар гирифта шуд. Автобусҳо байни ин ду шаҳр ҳар рӯз ҳаракат мекунанд. Ширкати “Узавтотранссервис”, ки аз ҷониби Ӯзбекистон мусофиркашониро бо маркази вилояти Суғд анҷом медиҳад, мусофиронашро бо автобусҳои тамғаи “YUTONG” мекашонад. Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин хатсайрҳо автобусҳои тамғаи “VANHOLL” аз ширкати “Ҳолдинг Азия Групп Тоҷикистон” ҳаракат мекунанд.  Автобусҳо аз автовокзали Тошканд соатҳои 09:00 ва 18:00 ба роҳ мебароянд. Роҳкиро ба маблағи 100 ҳазор сӯми ӯзбекӣ (100 сомонӣ) муқаррар карда шудааст.

Қаблан ширкати “Asian Express” эълон кард, ки аз рӯзи 18 октябр интиқоли мусофирон дар хатсайри Хуҷанд – Тошканд – Хуҷандро аз сар мегирад. Автобусҳои дуқабатаи ширкат аз Хуҷанд то пойтахти Ӯзбекистон ҳар рӯз равуо хоҳанд кард. Барои гузаштан аз марз мусофирон бояд бо худ натиҷаи манфии ташхиси коронавирус дошта бошанд. Дар сурати надоштани чунин санад, онҳо бояд дар марз экспресс-тест бисупоранд. Нархи он 160 ҳазор сӯми ӯзбекӣ будааст. Ҳамчунин барои кӯдакони то шашсола санад дар бораи солим будан ва гирифтори полиомелит набудани кӯдак ҳатмист.

Дар марҳалаи аввал автобусҳо субҳ, соати 8:00 аз терминали “Asian Express” дар маҳаллаи 16-уми шаҳри Хуҷанд (дар назди таксопарк) ба роҳ баромада, мусофиронро то истгоҳи “Собир Раҳимов” хоҳанд бурд.  Автобусҳо аз Тошканд соати 18:00 (дар зимистон соати 16:00) бар хоҳанд гашт.

Нархи сафар ба як тараф 100 сомонӣ муқаррар шудааст.

АЗ ПАНҶАКЕНТ ТО САМАРҚАНДУ БУХОРО

Ҳамин тавр, Шодмонқул Сангинов дар Фейсбук хабар дод, ки ширкати сайёҳии “Сайёҳати Ҳафткӯл” аз 20- уми октябр ҳамроҳ бо ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон ҳамаруза тавассути автобусхои Yutong Bus, бо 49 ҷои нишаст, кондитсионер, микрофон, LSD/DVD/CD, яхдон, кулер ва ҳоҷатхона, сафари шаҳрвандони Тоҷикистонро ба шаҳрҳои Самарқанд – Бухоро (фурудгоҳ) ба роҳ мемонад.

Роҳкиро барои шаҳрвандоне, ки аз тариқи Самарқанд ва Бухоро ба Русия парвоз мекунанд ва чиптаи ҳавопайморо доранд, 200 сомонб ва барои бақия нархи рафту баргашт 500 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Ҳоло ба Ӯзбекистон асосан барои аз онҷо ба Русия парвоз кардан сафар мекунанд. Нархи парвоз то Русия аз Ӯзбекистон нисбат ба фурудгоҳҳои Тоҷикистон хеле арзонтар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button