ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ТАФСИЛОТИ МАРГИ 4 НАФАР ДАР ЯК САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР РОҲИ ДАНҒАРА –ЛЕВАКАНТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон ҳалокати 4 нафар дар як садамаи пурқурбонӣ дар ҷануби кишварро тасдиқ кард.Дар ин садама 4 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Бино ба иттилоияи расмии ВКД, рӯзи 25-уми октябри соли 2021, тахминан соати 13:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Исмоилов Аҳмад, соли таваллудаш 1948, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Левакант ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда, Раҷабов Рустам Маҳмадсамиевич, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Исмоилов А. ва мусофиронаш: Исмоилов Маҳмадшариф Аҳмадович, Нуралиев Саъдулло Мастонқулович, соли таваллудашон 1990, сокинони шаҳри Кӯлоб ва мусофири автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Бобоҷонов Рамазон Муродович, соли таваллудаш 1994, сокини Кӯшониён, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Раҷабов Р.М. ва мусофиронаш: Арзиева Адолат, соли таваллудаш 1959, Алимардонова Улхуной, соли таваллудаш 1960, сокинони ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара ва Раҷабалиев Бобоҷон, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button