ВидеоМуҳоҷиронНуқтаи назарРӯйдодҳои Бадахшон

ПОСУХИ ҲОКИМ МУҲАББАТОВ: САЛАМШОРО МАН НАФУРӮХТААМ

Ҳоким Муҳаббатов, олими тоҷики муқими Маскав дар як нома ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” иддаои ба пулиси Маскав дар бораи Саламшоҳ Муҳаббатов маълумот доданашро рад кард. Ҳоким Муҳаббатов дар ин номааш менависад: “Мо бо Саламшо Муҳаббатов – яке аз шахсони барӯманди диёри Ванҷ , Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва умуман Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хурдӣ шинос ҳастем, бо ҳам хешу таборем ва ҳеч гоҳ нисбати якдигар хушунате надоштаем ва дар банд кардани роҳи ӯ ба Москва ман ягон хел манфиатдор нестам. Ҳар вақт, ки ман шаҳри Душанбе ташриф биёрам, ҳатман рафта, ӯро мебинам ва ҳамчунин агар ӯ ба Москав биёяд, ҳатман бо ман ва дигар зиёиёни ноҳия вомехӯрад. Ҳамин тавр мо бо якдигар ҳама вақт дар робита ҳастем ва кинаву адоват андохтан байни мо беҳуда аст.”

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” ҳафтаи гузашта хабар дода буд, ки рӯзи 21 октябр генерал Саламшоҳ Муҳаббатов, паҳлавони маъруф ва фармондеҳи собиқи мухолифинро дар фурудгоҳи Маскав иҷозати вуруд ба қаламрави Русия надоданд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, генерал Саламшоҳ ба далели то ҳол норӯшане то соли 2025 ҳаққи вуруд ба марзи Русияро надоштааст ва ӯ ба далели ин  “запрет” аз фурудгоҳ берун пой монда натавонист ва маҷбур ба Душанбе баргашт.

Ба дунбол, Каримҷон Ёров, як ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав дар Фейсбукаш навишт, ки Саламшоҳ Муҳаббатовро ба эҳтимоли зиёд бар асоси “маълумот”-и ба пулиси Маскав додаи олими тоҷики муқими Русия Ҳоким Муҳаббатов “запрет” задаанд. Каримҷон Ёров  санадеро иборат аз 8 саҳифа чоп кард, ки “Справка для руководства Московского уголовного розыска” (Маълумотнома барои роҳбарони Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноятии Маскав”) ном дошта, дар поёнаш гуфта мешавад, ки ин “справка” ё “маълумотнома” аз ҷониби роҳбари РОО “Ватан” Мухаббатов Х.М. таҳия шудааст. Дар санад имзо ё муҳре нест, вале  РОО “Ватан”, созмони ҷамъиятиест, ки Ҳоким Муҳаббатов ташкил ва роҳбарӣ мекард.

Дар ин санад ба номи роҳбарони пулиси Маскав муаллиф як ба як гуруҳҳои ҷиноятии дар Маскав ва атрофи он ва дигар минтақаҳои Русия ташкилдодаи тоҷикон, ё ба истилоҳ “мафияи тоҷикӣ” маълумот медиҳад ва Саламшоҳ Муҳаббатовро ба он гунаҳкор мекунад, ки тавассути бародараш Темур “мафияи ванҷиҳо”ро дар Русия идора ва роҳнамоӣ мекунад.

Аммо Ҳоким Муҳаббатов дар посухи худ мегӯяд, муаллифи ин маълумотнома ба пулиси Маскав ӯ нест, вале ӯ дар бораи аз ҷониби кӣ таҳия шудани ин мавод маълумот дорад: Ин маводе Каримҷон Ёров ба чоп расонидааст, ки гӯё ман ин справкаро навиштаам, тамоман дурӯғ аст. Ин маводест, ки натиҷаи тафтиши чандинмоҳаи управленияи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Москва дар атрофи кушторҳои чанд нафар аз водии Ванҷу водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ, ки пеш аз бастани бозори Черкиз ба вуқуъ омада буд, аз тарафи мутахассисони ин вазорат ҷамъ оварда шудааст. Чӣ хел номи ман дар поини ин справка пайдо шудааст, намедонам. Чӣ гуна ин ҳуҷҷат ба дасти Каримҷон Ёров расидааст, инашро ҳам намедонам. Наход коррупсия дар органҳои давлатии Русия ин қадар амиқ шудааст, ки шахсе ба мисли Каримҷон Ёров, ки ҳама вақт гӯё ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатиро ҳимоя мекунам гуфта, муқобили коргарони полиция ҳар гуна маводи иғвоангез чоп мекунад ва онҳоро нисбати тоҷикон бадбин месозад, аз он харида бошад?”

Ҳоким Муҳаббатов дар номааш ҳамчунин дар бораи таърихи ташкили созмонҳои муҳоҷирони тоҷик пардохта, менависад, азбаски ӯ сарсахтона тарафдори низоми дунявӣ аст, Каримҷон Ёров ва Абдулло Давлатов, ки ба ақидаи ӯ, “ифротгар” мебошанд, ба вай часпида, ба зиддаш чунин як ҷанги иттилоотиро ба роҳ андохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button