ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАҒОЗАВУ КОРХОНАИ ЯК КАСИ ДИГАРРО ФУРӮХТУ 70 ҲАЗОР ДОЛЛАР ПУЛАШРО ХӮРД…

Як сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки моҳи сентябри соли 2020 мағоза ва коргоҳи дӯзандагии як сокини дигари Душанберо 70 ҳазор доллар нарх карда, ба номи худ гузарондааст, вале сипас он ҳамаро ба шахси дигар фурӯхта, пулашро хӯрдааст.

ххххххххххххх

Сокини 27-солаи ҷамоати Ҷафри ноҳияи Рашт ба он гумонбар мешавад, ки  соати сеи шаби 26 ба 27 август  аз чарогоҳи деҳаашон як сар чорвои калони ҳамдеҳаи 67-солаашро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 27 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2020, марди 39-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, мағоза ва сехи дӯзандагиаш, воқеъ дар кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанберо ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ намуда, ваъда додааст, ки бар ивазаш 70 ҳазор доллари амрикоӣ медиҳад, аммо мағоза ва сехи мазкурро ба дигар шахс фурӯхта, маблағи ба даст овардаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи марти соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Киа-К-5”-ро ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаро фурӯхта, маблағи ба даст овардаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ин ҳодисаҳо мавриди тафтиш қарор доранд.

Боздошт гардидани марди 27-сола бо гумони дуздии чорво

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 26 ба 27-уми августи соли 2021, тахминан соати 03:00, бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 67-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур тааллуқ дорад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӣи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button