АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ХИТОЙ ДАР ВОДИИ ВАХОНИ ТОҶИКИСТОН ПОЙГОҲ МЕСОЗАД. ВАЛЕ БАРОИ КӢ?

Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 27 октябр созишномаи байни вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва вазорати амнияти Хитой, ё Чинро тасвиб кард, ки барои бунёди пойгоҳи Хитой дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳ мекушояд.

Дар хабари расмии хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон  бидуни ироаи ҷузъиёт танҳо гуфта шудааст, ки “вакилони мардумӣ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт, Мактубҳои мубодилавӣ оид ба расонидани кумакҳои бебозгашт дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 27 майи соли 2002, Мактубҳои мубодилавӣ оид ба расонидани кумакҳои бебозгашт дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни ВКД ҶТ ва Вазорати амнияти ҷамъиятии ҶМТ Чин аз 27 майи соли 2002-ро ба тасвиб расониданд.”

Вале хабарнигори парлумонии радиои Озодӣ Алишер Зарифӣ хабар дод, ки сухан дар бораи бунёди пойгоҳи низомии Чин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меравад. Ин лоиҳаро ба вакилони парлумон муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода ва вакили парлумон  Толибхон Азимзода муаррифӣ кардаанд.

A.Аламшозода

Абдураҳмон Аламшозод гуфтааст, пойгоҳи навро Чин дар водии Вахон дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим месозад. “Тибқи созишнома, расондани кумаки бебозгашт барои бунёди пойгоҳи дастаи зудамали Вазорати корҳои дохилӣ дар дараи Вахон пешбинӣ шудааст. Насби таҷҳизоти махсус дар назар аст. Тоҷикистон уҳдадор аст, Чинро барои овардани таҷҳизот аз пардохтҳои андоз ва гумрук озод намояд”, –  гуфтааст Аламшозода.

Толибхон Азимзода, вакили Маҷлиси намояндагон, гуфт, пойгоҳи махсус марбути ВКД Тоҷикистон буда, тамоми дастгоҳу таҷҳизоте, ки барои бунёди пойгоҳ аз Чин ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. “Маблағи сохтмон 55 миллион юани чинӣ, баробар ба тақрибан 100 миллион сомонӣ, пешбинӣ шудааст”, — хабар додааст Азимзода.

Қарордод дар мавриди таъсиси пойгоҳи Чин дар ВМКБ дар ҳоле имзо шуд, ки ҳукумат дар Афғонистони ҳам бо Чину ҳам бо Тоҷикистон ҳаммарз ба дасти гуруҳи тундрави Толибон гузашт. Тоҷикистон режими нави Толибонро ба таври ошкоро қабул надорад. Пекин ҳарчанд талош дорад, то бо ҳокимони нави Афғонистон ягон забони муомила биёбад, вале маълум аст, ки дар асл аз ба қудрат расидани як гуруҳи тундрави исломгаро зиёд хушаш намеояд ва нигарон аст, ки пирӯзии Толибон ҷудоиталабони уйғурро дар вилояти Шинҷон дар ғарби Чин рӯҳбаланд мекунад.

Толибхон Азимзода дар суҳбати бидуни микрофон ба Озодӣ гуфтааст, ки Чин ин пойгоҳро барои Тоҷикистон месозад ва дар онҷо оилаҳои афсарони тоҷик бояд зиндагӣ кунанд.

Ёдовар мешавем, қаблан нашрияи “Вашингтон Пост” хабар дода буд, ки Хитой ҳанӯз соли 2019 дар шарқи Тоҷикистон дар наздикии марз бо Афғонистон як пойгоҳи хурди низомӣ сохтааст ва низомиҳои Хитой гоҳо аз ин пойгоҳ барои харид ба бозори ноҳияи Мурғоб ҳам мерафтаанд. Баъдан  хабарнигорони ТВ “Иран Интенешнал” дар пайи сафарашон ба Бадахшон хабар доданд, ки ин пойгоҳ дар минтақаи Мурғоб  дар мавзеи маъруф ба “коридори Вахон” таъсис дода шуда, дар он теъдоде аз низомиёни Хитой мустақар шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button