ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

ГӮ, ХУДАМ ҒАЛТИДАМ… ШУРӮИ ТАҲҚИҚИ ҚАЗИЯИ ШИКАСТАНИ 6 ҚАБУРҒАИ ЗОИРОВ ДАР ШУЪБАИ МИЛИСА

Додситонии ноҳияи Спитамен ба таҳқиқи қазияи латтукӯби сокини 40-солаи ин ноҳия Ғуломҷон Зоиров шурӯъ кардааст. Мастура Раҳматҷонова, ҳамсари Зоиров ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки корманди прокуратура рӯзи 26 октябр ба бемористони марказии ноҳия омада, табибони шуъбаи осебшиносиро пиромуни қазии шавҳари ӯ пурсуҷӯ кардааст.

“Худи Ғуломҷонро ҳанӯз пурсуҷӯ  накардаанд. Вале табибон, ба гуфтаи худашон, баёнот додаанд, ки бемор худаш наафтодааст, балки ба эҳтимоли зиёд латтукӯб шудааст. Магар кас афтида, якбора 6 қабурғааш мешиканад? – гуфтаанд табибони беморхона ба корманди прокуратура”, – хабар дод Мастура Раҳматҷонова.

Прокуратураи ноҳияи Спитамен то ҳол расман хабари оғози таҳқиқи қазияи Ғуломҷон Зоировро шарҳ надодааст ва тасдиқ ё рад накардааст. Ин ҳам ҳанӯз маълум нест, ки оё дар робита ба ин қазия ягон парванда кушодаанд ё на?

Ҳамчунин рӯзи 26 октябр, билофосила баъди нашри хабари латтукӯби Зоиров, аз як созмони ҳомии ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ба “Бомдод”  хабар доданд, ки омодаанд ҳимояти ҳуқуқии ӯро ба таври ройгон ба уҳда бигиранд.

Ба гуфтаи наздикони Ғуломҷон Зоиров, милисаҳои дахил дар қазияи латтукӯби ин сокини Спитамен низ баъди расонаӣ шудани ин хабар фаъол шудаанд ва рӯзи 26 октябр нозири минтақавӣ Бахтиёр, ки Зоиров ӯро яке аз латтукӯбгаронаш меномад, ба беморхона омада, аз ҷабрдида тарсонда, талаб кардааст, ки аз беморхона барояд ва агар пурсуҷӯяш кунанд, гӯяд, ки худам ғалтидам…

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” рӯзи 26 октябр хабар дод,ки Ғуломҷон Зоиров, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Спитаменро 4 корманди милисаи ин ноҳияи латтукӯб карда, 6 қабурғаашро зада шикастаанд. Вале эксперт навиштааст, ки ӯ гӯё худаш афтида бошад. Ба болои ин, вақте ки табибон дар беморхона ба вай доруи хоб хӯронда буданд, кормандони мақомот даромада, дар хобаш имзои ӯро гирифтаанд, ки гӯё вай бо хулосаи экспертиза розӣ асту даъвое надорад…

Бино ба нақли Ғуломҷон Зоиров, ӯ рӯзи 16 октябр бо як рафиқаш вохӯрда, камтар нӯшидааст. Дар ҳамин ҳолати ширакайфӣ ба мағоза даромада, онҳо як зани ҳамсояашонро, ки зани калонсол аст, мебинад ва ӯро ба оғӯш кашида, баланд мебардорад.

Ин ҳолатро як корманди милиса, ки тасодуфан ҳамон лаҳза дар он мағоза будааст, дида, “барои чӣ холаро оғӯш карда, бардоштӣ?” гӯён, Ғуломҷонро аз мағоза мебарорад ва бурданӣ мешавад. Зоиров мегӯяд, ки он зан ҳамсояам, аз дӯстдорӣ буд ин кор. Он зан ҳам баромада, хоҳиш мекунад, ки ба Ғуломҷон нарасад, чунки ҳамсояаш аст.

Вале ин суханҳо кора намекунанд ва он мард Ғуломҷонро ба мошин бор карда, ба милисахона мебарад.  Ӯ дар милисахона ба ҳамкоронаш таъкид мекунад, назанед инро, ки кайф дорад.

Вале 4 корманди милиса ӯро бо пойҳояшон лагаткӯб мекунанд. Ғуломҷон мегӯяд, танҳо яке аз он милисаҳоро шинохт, ки нозири минтақавӣ аст ва Бахтиёр ном дорад.

Ғуломҷонро милисаҳо чунон заданд, ки ӯ аз ҷояш хеста наметавонист. Милисаи навбатдор сипас ӯро ба як утоқи корӣ дароварда, мегӯяд, камтар хоб рав, ба худ, ки омадӣ, духтур рав.

Ғуломҷон Зоировро танҳо саҳари 17 октябр тавонист як илоҷ карда аз милисахона барояд ва ба хонааш равад. Он ҳамон рӯз умуман аз ҷой хеста натавонист.

18 октябр ӯба беморхона омада, рентген кард ва маълум шуд, ик  6 қабурғаашро зада шикастаанд ва мағзи сараш ҳам ҷунбидааст. Табибон Зоировро дар беморхона бистарӣ карда, ба милиса хабар медиҳанд. Зоиров ба корманди милиса эътироф мекунад, ки ӯро дар милисахона 4 корманди милиса заданд.

Рӯзи 22 октябр Зоиров ба экспертиза меравад. Вале эксперт Шуҳрат Қӯшмуродов дар хулосааш навиштааст, ки ӯ гӯё худаш афтода, 6 қабурғаашро шикастааст.

Давоми қисса боз ҳам ҷолибтар аст: Зоировро духтурон уколи хоб карда будаанд, милисахо бошанд баъди наркоз гирифтанаш дар зери санадҳо имзояшро гирифта рафтаанд. Зоиров мегӯяд, ҳатто намедонад, ки зери чӣ имзо монд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button