ВидеоМуҳоҷирон

ДАР ПЕТЕРБУРГ НАВРАСОН МАРШРУТКАРО ТИРБОРОН ВА РОНАНДАИ ТОҶИКРО ЗАХМӢ КАРДААНД

Дар ноҳияи Неваи шаҳри Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон, ки  ронандаи маршруткаи № К-53 будааст, муроҷиат кардааст. Ӯ хабар додааст, ки шаби 25 октябр, тахминан соати 21:15 дар чорроҳаи буриши кӯчаҳои Чернов ва Бабушкин се навраси ношиноси синнашон зоҳиран 14-15, ба маршруткаи ӯ нишастанд. Онҳо зиёд ғавғою шавқун карда, ба мусофирони дигар халал мерасонданд ва ба эродҳои дигар ҳамсафарони худ эътибор намедоданд. Дар ниҳоят, тоқати ронанда ҳам тоқ шуд ва ӯ аз он се наврас хост, ки маршруткаро тарк кунанд. Баъди ин як садо баланд шуду ронанда ҳис кард, ки пои росташ ба сӯзиш даромад. Баъдан маълум шуд, ки яке аз наврасон аз рафтори ронанда ба хашм омада,  аз силоҳи навъаш ҳанӯз номаълум ба тарафи ӯ тир холӣ кардааст.

 “Авбошон сипас аз маршрутка берун шуданд ва яке аз онҳо аз силоҳе, ки зоҳиран ба пистолет монанд буд, чанд маротиба ба шишаи пеши маршрутка тир холӣ кард. Дар шишаи пеши мошин 4 изи тир боқӣ мондааст”, – хабар медиҳад нашрияи маҳаллии «Конкретно.Ру».

Бино ба иттилои ин нашрия, ҳоло мақомот масъалаи боз кардани парвандаи ҷиноятӣ дар ротиба ба ин ҳодиса баррасӣ карда истодааст. Парванда, агар кушода шавад, зоҳиран бо иттиҳоми авбошӣ бо истифода аз силоҳ боз хоҳад шуд.

Маршруткаи  К-53 аз истгоҳи метрои ”Купчино”то корхонаи маснуоти оҳану бетонии №1, воқеъ дар ноҳияи Рибатскийи шаҳри Петербург мусофир мекашонад.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии “Фонтанка.Ру”, ронандаи захмишуда ду сол пеш аз Тоҷикистон барои кор ба Русия омада, аснодаш ҳама қонунист ва ягон мушкиле бо сабти ном надорад. Ӯ дар ширкати мусофиркашонии «Питеравто» кор мекунад. Баъди ҳамла ӯ пешниҳоди бистарӣ шудан дар бемористонро рад кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button