ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсон

СОКИНИ СПИТАМЕН МЕГӮЯД, 4 КОРМАНДИ МИЛИСА 6 ҚАБУРҒААШРО ЗАДА ШИКАСТАНД

Ғуломҷон Зоиров, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Спитамен мегӯяд, ӯро 4 корманди милисаи ин ноҳияи латтукӯб карда, 6 қабурғаашро зада шикастаанд. Вале эксперт навиштааст, ки ӯ гӯё худаш афтида бошад. Ба болои ин, вақте ки табибон дар беморхона ба вай доруи хоб хӯронда буданд, кормандони мақомот даромада, дар хобаш имзои ӯро гирифтаанд, ки гӯё вай бо хулосаи экспертиза розӣ асту даъвое надорад…

Бино ба нақли Ғуломҷон Зоиров, ӯ рӯзи 16 октябр бо як рафиқаш вохӯрда, камтар нӯшидааст. Дар ҳамин ҳолати ширакайфӣ ба мағоза даромада, онҳо як зани ҳамсояашонро, ки зани калонсол аст, мебинад ва ӯро ба оғӯш кашида, баланд мебардорад.

Ин ҳолатро як корманди милиса, ки тасодуфан ҳамон лаҳза дар он мағоза будааст, дида, “барои чӣ холаро оғӯш карда, бардоштӣ?” гӯён, Ғуломҷонро аз мағоза мебарорад ва бурданӣ мешавад. Зоиров мегӯяд, ки он зан ҳамсояам, аз дӯстдорӣ буд ин кор. Он зан ҳам баромада, хоҳиш мекунад, ки ба Ғуломҷон нарасад, чунки ҳамсояаш аст.

Вале ин суханҳо кора намекунанд ва он мард Ғуломҷонро ба мошин бор карда, ба милисахона мебарад.  Ӯ дар милисахона ба ҳамкоронаш таъкид мекунад, назанед инро, ки кайф дорад.

Вале 4 корманди милиса ӯро бо пойҳояшон лагаткӯб мекунанд. Ғуломҷон мегӯяд, танҳо яке аз он милисаҳоро шинохт, ки нозири минтақавӣ аст ва Бахтиёр ном дорад.

Ғуломҷонро милисаҳо чунон заданд, ки ӯ аз ҷояш хеста наметавонист. Милисаи навбатдор сипас ӯро ба як утоқи корӣ дароварда, мегӯяд, камтар хоб рав, ба худ, ки омадӣ, духтур рав.

Ғуломҷон Зоировро танҳо саҳари 17 октябр тавонист як илоҷ карда аз милисахона барояд ва ба хонааш равад. Он ҳамон рӯз умуман аз ҷой хеста натавонист.

18 октябр ӯба беморхона омада, рентген кард ва маълум шуд, ик  6 қабурғаашро зада шикастаанд ва мағзи сараш ҳам ҷунбидааст. Табибон Зоировро дар беморхона бистарӣ карда, ба милиса хабар медиҳанд. Зоиров ба корманди милиса эътироф мекунад, ки ӯро дар милисахона 4 корманди милиса заданд.

Рӯзи 22 октябр Зоиров ба экспертиза меравад. Вале эксперт Шуҳрат Қӯшмуродов дар хулосааш навиштааст, ки ӯ гӯё худаш афтода, 6 қабурғаашро шикастааст.

Давоми қисса боз ҳам ҷолибтар аст: Зоировро духтурон уколи хоб карда будаанд, милисахо бошанд баъди наркоз гирифтанаш дар зери санадҳо имзояшро гирифта рафтаанд. Зоиров мегӯяд, ҳатто намедонад, ки зери чӣ имзо монд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Вышеуказанные незаконные действия сотрудников милиции, причинившие тяжкий вред здоровью невиновного гражданина, свидетельствуют о том, что они чувствуют безнаказанность. А безнаказанность порождает вседозволенность. В правовом государстве подобные действия со стороны сотрудников правоохранительных органов невозможны. Соответствующим органам необходимо принять меры чтобы впредь подобные действия со стороны сотрудников в отношении граждан исключить.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button