ВидеоМуҳоҷирон

САБАБИ ҶАНҶОЛИ ДУ ЗОДАИ ВОРУХ ДАР БОЗОРИ САМАРА АЗ НИГОҲИ ТАРАФИ ДИГАР (ВИДЕОИ НАВ)

Баъди нашри видеои ҷанҷоли ду тоҷири тоҷик дар бозори Самара, ки дар он назари Тафсириддин Тухтамишов, як тарафи он моҷаро сабт шуда буд, Меҳроҷ Қодиров, тарафи дигари ин моҷаро низ бо идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар тамос шуд ва гуфт, асли ҳодиса на ба гунаест, ки Тафсириддин тасвир ва “тафсир” мекунад.

Ба гуфтаи Меҳроҷ Қодиров, Тафсириддин Тухтамишов пеш аз онки мустақилона тиҷорати худро ба роҳ монад, ду сол дар мағоза ӯ ба ҳайси фурӯшанда кор мекард.

“Се сол пеш вақте ки ҳисобу китоб мекардем, маълум шуд, ки ба маблағи 650 ҳазор рубл пулро дуздидааст. Мо ҳарду аз як деҳаем, аз деҳаи Ворухи Исфара ва ман ҳам хостам, ки масъаларо бо роҳи осоишта ҳал кунем. Хешовандонашро даъват кардем,  ҳама далелҳоро пешашон мондем ва худи Тафсириддин ҳам эътироф кард, ки дар ҳақиқат 5 ҳазору 10 ҳазор рубл ҳар вақт аз мағоза пинҳонӣ пул мегирифт. Дар охир қарорамон ин шуд, ки ӯ кор карда, 650 ҳазор рубли маро бармегардонад. Забонхат ҳам дод дар ин бора. Вале ба ҷои ин омада, дар бари дӯкони ман дар бозори Самара дӯкон кушод. Вақте ҳамин масъаларо баҳс мекардем, ӯву падараш моро дашном доданд ва як ҷиянам ба хашм омада, ба сарашон мушт бардошт”,  нақл кард Меҳроҷ Қодиров.

Ӯ нусхаҳои ду забонхати  дар варақҳои дафтару блокнот навиштаи Тафсириддин Тухтамишовро ва як видеои “разбор”-ашон бо ӯро дар ҳузури писарамакаш дар ихтиёри “Бомдод” гузошт.

Дар яке аз ин забонхатҳо аз 23 июли соли 2018 Тухтамишов ваъда медиҳад, ки 55 ҳазор рублро то 25 сентябри соли 2018 оварда медиҳад. Дар забонхати дигар, ки ягон таърихи рӯз надорад, ӯ менависад, ки 550 ҳазор рубл қарздор аст ва “ман умада, кор карда, метиям.”

Дар видео бошад, Тафсириддин дуздӣ карданаш аз мағозаи Меҳроҷро эътироф мекунад.

Тафсириддин Тухтамишов, як соҳибкори тоҷик, ки дар як бозори шаҳри Самара дӯкони фурӯши меваву сабзавот ва хушкмева дорад,  бо нашри  ду видео хабар дод, ки рӯзи 19 октябр, як соҳибкори дигари ҳамватанаш Қодиров Меҳроҷ, ки дӯконҳояшон дар бозори Самара дар паҳлуи якдигар ҷойгир шудаанд, ҳамроҳи се ҷиянаш: Ривоҷ, Шодон ва Шодрӯз ба мағозаи ӯ омада,  талаб кардаанд, ки мағозаяшро бубандад ва ба савдои онҳо халал нарасонад.

Тафсириддин Тухтамишов мегӯяд, “ман рад кардам ва онҳо ба ман ҳамла оварда, маро латтукӯб карданд ва борҳои мағозаи маро ба замин чаппа карданд. Дар ҳамин вақт падарам ба мағоза ворид шуданд ва хостанд, ки маро аз чанголи онҳо халос кунанд. Вале онҳо падари маро ҳам чунон сахт латтукӯб карданд, ки ҳоло дар бемористони марказии шаҳри Самара бистариянд.”

Дар видеои нашршуда дида мешавад, ки меваҷоти зиёде дар дохили дӯкони Тухтамишов дар рӯи фарш рехта шудааст ва падараш бо сару даҳони хунолуд, дар ҳоле ки дастонаш сахт меларзанд, дар рӯи фарш хобидааст.

Тафсириддин Тухтамишов аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Тоҷикистон хостааст, ки бо роҳҳои қонунӣ аз ӯ ҳимоят кунанд.

Мутаассифона, чунин ҳолатҳои рақобатҳои носолим байни тоҷирони тоҷик дар бозорҳои Русия, бахусус вақте ки онҳо молҳои якхеларо савдо мекунанд, хеле зиёд аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button