ВидеоУмумӣХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ 4 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 2 БАРОДАР АЗ КӮЛОБ, ДАР ЯК САДАМАИ МАРГБОР

Раёсати  ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон аз як садамаи мудҳиш дар роҳи Бохтар-Данғара хабар дод. Ин ҳодиса рӯзи 25 октябр, соати 13:46 дар километри 44-уми ин роҳ рух додааст.

Бино ба ин гузориш, мошини тамғаи “Опел-Астра”, ки аз ҷониби Маҳмадшариф Исмоилов, як сокини 31-солаи деҳаи Лағмони шаҳри Кӯлоб идора мешуд, ба мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”-и Рустам Раҷабови 27-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Баҳори ноҳияи Кушониён бархӯрдааст.

 Дар натиҷа ронандаи автомашинаи “Опел-Астра” Исмоилов Маҳмадшариф, бародари ӯ Ҷумъахон Исмоилов ва як мусофири дигари ин мошин, ки шахсияташ айни замон номаълум аст, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Имдодгарони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати  КҲФ дар вилояти Хатлон соати 13:59 ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, ҷасади мусофири автомашинаи “Мерседес-бенс”, шаҳрванд Нуралиев Саъдуллоро, ки ӯ низ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд, аз дохили автомашина бароварда, ба мақомоти дахлдор супориданд.

Сабаби ин садама таҳқиқ мешавад.

Як рӯз қабл вазорати корҳои дохилӣ низ аз ду садамаи маргбор дар канори шаҳри Роғун ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод, ки ҳарду рӯзи 24-уми октябри соли 2021 рух додаанд.

Гуфта мешавад, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира» Раҳимзода Абдусаттор Қаҳҳор, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Мастчоҳ-Хуҷанд”, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Ҳамрободи ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада автомашинаро чаппа намудааст. Дар натиҷа, ронанда Раҳимзода А.Қ. ва мусофираш Раҳмонова Муҳайё Низомиддиновна, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамчунин 24-уми октябри соли 2021, тахминан соати 12:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемрӣ», Шарифзода Фахриддин Саттор, соли таваллудаш 2002, сокини деҳаи Қалъаи-Нави шаҳри Роғун, ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи 3-юми деҳаи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Файзуллоева Ойша, соли таваллудаш 2020, сокини ҳамин деҳаро пахш намудааст. Мутаассифона, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш хурдсол, Файзуллоева О. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, мутаассифона ронандагон ба қоидаҳои бехатарӣ диққат намедиҳанд ва аксари ин гуна садамаҳои маргбор бар асари ронандагӣ бо суръати баланд рух медиҳанд. 

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Дар нимаи аввали соли 2021 дар роҳҳои Тоҷикистон 151 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button