ВарзишВидео

ГОЛИ ЯГОНАИ ВАҲДАТ ҲАНОНОВ ТОҶИКИСТОНРО БАР ЛУБНОН ПИРӮЗ ГАРДОНД (ВИДЕО+35 АКС)

Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни футболбозони то 23-сола дар гурӯҳи «В» оғоз ёфт.

 Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар даври аввал бар дастаи Лубнон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро дар ин бозӣ ҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Ваҳдат Ҳанонов дар дақиқаи 87-ум зад. Ваҳдат Ҳанонов беҳтарин бозигари ин бозӣ дониста шуд. Набарди Тоҷикистон бо Лубнон дар Варзишгоҳи марказӣ дар ҳузури 4200 тамошобин баргузор шуд.

Ҳайъати Тоҷикистон чунин буд: Шоҳрух Қирғизбоев, Манучеҳр Сафаров, Ваҳдат Ҳанонов, Алиҷон Кароматуллозода, Ҳусейн Нурматов, Кароматулло Саидов, Шервонӣ Мабатшоев, Ислом Зоиров (Сорбон Авғонов, 73), Далер Ёдгоров (Эмомалӣ Аҳмадхон, 81), Эҳсони Панҷшанбе, Рустам Соиров.

Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи мунтахаби олимпии Эрон ба дарвозаи Непал 4 голи беҷавоб зад.

28 октябр дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дастаи олимпии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Непал бозӣ мекунад. Ин бозӣ низ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Бозиҳои оянда:

Даври 2-юм

28 октябр (панҷшанбе)

16:00. Лубнон – Эрон

19:00. Непал – ТОҶИКИСТОН

Даври 3-юм 

31 октябр (якшанбе)

16:00. Лубнон – Непал

19:00. Эрон – ТОҶИКИСТОН

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button