ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН БО 9,5 КГ ЧАРСИ АФҒОНӢ ДАР БОДКАНД (ВИДЕО)

Кормандони милисаи вилояти Бодканди Қирғизистон дар ҳудуди деҳаи Жаштиқи вилояти Бодканд  дар роҳи асосие, ки аз марз бо Тоҷикистон мегузарад, шаҳрванди Тоҷикистон З.З.-ро ҳангоми интиқол ва фурӯши миқдори бузурги маводи мухаддир дастгир кардаанд.

Бино ба иттилои ВКД Қирғизистон, ҳангоми кофтукоб аз З.З. чанд бастаи скотчпечи шабеҳи ҳашиш ёфта гирифта шуд. Ташхис нишон дод, ки дар ин бастаҳо 9 килою 521 грамм ҳашиш, ки бо номи чарси афғонӣ маъруф аст, будааст.

З.З. ҳоло дар тавқифгоҳи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Лайлак қарор дорад. Нисбат ба вай бар асоси моддаи 267 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон бо иттиҳоми қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир тафтишот идома дорад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1370 км марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button