ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

БО АСПУ САГҲО: РЕЙДИ ЗИДДИ МУҲОҶИРОН ДАР НОВАЯ МОСКВА, ДАР АТРОФИ “ФУД СИТИ” (ВИДЕО)

Телеграм-канали Readovka хабар дод, ки пулис аз субҳи 26 октябр   дар минтақаи Сосенское дар Новая Москва рейди густардаеро ба зидди муҳоҷирон ба роҳ андохтааст. Гуфта мешавад, дар ин минтақа танҳо шумораи муҳоҷирони расман сабтиномшуда аз 66 ҳазор бештар аст.

 “Аз субҳ дар инҷо рейди пулис рафта истодааст. Тамоми роҳҳоро бастаанд, — хабар додаанд ба Readovka сокинони маҳаллӣ. — Шумори хеле зиёди кормандони пулис, ҳатто пулисҳои аспсавору патрулҳо бо сагҳо, ҳамчунин автозакҳо ва мошинҳои махсуси хеле зиёд ба чашм мерасанд. Мошинҳоро ҳам манъ карда, санадҳоро тафтиш мекунанд.”

Ба гуфтаи сокинон, кормандони пулис асосан асноди муҳоҷиронро ҳангоми баромадан аз истгоҳи метрои “Прокшино” ва дар чорроҳаи тарафи маҷтамаи истиқоматии “Испанские кварталы”, ки дар байни метро ва маркази савдои умдаву чаканаи “ФудСити” ҷойгир шудааст, тафтиш мекунанд. Сокинон мегӯянд, дар кӯчаҳои деҳаи Сосенское патрулҳои пулис бо сагҳо мегарданд ва сокинон ҳатто пулисҳоро аспсаворро ҳам мушоҳида кардаанд.

Нашрия инро истисно намекунад, ки ин рейд метавонад ба хабари як рӯз қабл нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ташкили “отрядҳои худдифоъ” дар Сосенское рабт дошта бошад.

Чанд гуруҳи мардони маҳаллӣ, ки худро “Вежливые люди” (“Одамони боодоб”) ном кардаанд, занонро аз назди метро пешвоз гирифта, то хонаҳояшон гусел мекунанд. Онҳо гуфтаанд, ки бо ин роҳ мехоҳанд занони маҳаллиро аз муҳоҷирон ҳимоят кунанд.

Дар “ФудСити” садҳо муҳоҷири корӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик кор мекунанд. Истгоҳи “Прокшино” бошад, яке аз истгоҳҳоест, ки муҳоҷирон тавассути он барои таҳияи асноди худ ба маркази Сахарово мераванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button