ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

БО АЙНАК ВА КӮЛОҲИ СУРХ: ҲУНАРНАМОИИ АБДУРОЗИҚ ДАР МАРОСИМИ ОҒОЗИ ЧЕМПИОНАТИ БОКСИ ҶАҲОН (ВИДЕО)

Абдурозиқ, овозхон ва шоумени навраси тоҷик шоми 24 октябр дар Белград, пойтахти Сербистон, дар маросими оғози чемпионати бокси ҷаҳон байни муштзанони ҳаваскор ҳунарнамоӣ кард. Абдурозиқ дар саҳнаи “Штарк Арена” як таронаи туркӣ ва ҳам таронаи машҳури шодравон Муборакшоҳи Мирзошоҳ “Ай ёрам, биё!”-ро иҷро кард ва сазовори кафкӯбиҳои гарм шуд. Ӯ дар саҳна бо кӯлоҳи сурх ва айнакҳои мӯд ҳунарнамоӣ кард.

Бо қарори Иттиҳодияи байналмилалии бокси ғайрикасбӣ (AIBA), чемпионати ҷаҳон дар 13 вазн барпо карда шуда, чемпионҳои ҷаҳон ҳар кадом 100 ҳазор доллар ҷоиза хоҳанд гирифт. Барои барандагони медалҳои нуқра 50 ҳазор доллар ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 25 ҳазор доллар ҷоиза дода мешавад. Дар умум барои ҷоизаҳои чемпионати ҷаҳон 2 миллиону 600 ҳазор доллар ҷудо карда шудааст.

Абдурозиқ, як овозхони ҷавони зодаи Панҷакент аст, ки 17 сол ва ҳамагӣ  1 метр қаду 17 кило вазн дорад. Ӯ бо сурудхониаш дар бозори Панҷакент ном баровард ва ду сол пеш репсарои шинохта Барон (Беҳрӯзи Шариф) Абдурозиқро ба Душанбе оварда, таронаҳояшро тавассути студия ва канали “Авлод Медиа” сабт ва нашр кард. Ҳоло таронаҳои Абдурозиқ дар Ютуб ҳар кадом чандин миллион тамошобин ҷамъ меоранд.

Шуҳрати ин овозхони навраси тоҷик ду моҳ пеш дар пайи эълони ҷангаш бо блогери низ хурдҷусса аз Доғистон Хасбулло (Хасбик) ба берун аз Тоҷикистон роҳ ёфт. Он ҷанг дар ниҳоят доир нашуд, вале овозаи Абдурозик чунон оламшумул шуд, ки ӯро акнун ба ҷашну тантанаҳои байналмилалӣ даъват мекунанд ва ҳатто ошпази машҳури турк Бурак бо Абдурозиқ якҷо гамбургери бузурге пухт, ки аз Абдурозиқ ҳам калонтар буд.

Моҳи август мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб ба Абдурозиқ визаи тиллоӣ тақдим карданд. Ӯ бо ин виза метавонад 10 сол дар ҳудуди Иморот, аз ҷумла дар Дубай ва Абу Забӣ бидуни виза кору иқомат кунад. Абдурозиқ мегӯяд, аввалин нафар аз Тоҷикистон аст, ки мақомоти Иморот чунин виза тақдим карданд.

Ҳоло Абдурозиқ дар Инстаграм 1,5 миллион пайрав дорад ва таронаҳояш дар Интернет чандин миллион тамошобин ҷамъ меоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button