Хабарҳои кӯтоҳ

ВИДЕО ВА 5 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: БАРХӮРДИ МОШИНИ БОРКАШ БО ҚАТОРИ РОҲИ ОҲАН ДАР ВИЛОЯТИ АМУР

Субҳи 23 октябр, соати 04:58 ба вақти Маскав (10:58 ба вақти маҳаллӣ дар гузаргоҳи истгоҳи роҳи оҳани Ледяная ронандаи як мошини боркаш қоидаи ҳаракатро вайрон карда, болои роҳи оҳан баромада, ба қатори боркаш бархӯрдааст.  Идораи роҳи оҳани Забайкалйе (ЗабЖД) хабар дод, ки дар натиҷаи садама локомотив ва 14 вагон аз роҳ берун шудааст а ронандаи мошин ба ҳалокат расида, ронандагони қатори роҳи оҳанро дар бемористон бистарӣ кардаанд.

“Ронандаи мошини боркаш бо вуҷуди сигнали манъи ҳаракат қоидаи ҳаракатро вайрон карда,  ҳангоми гузаштани қатори боркаш ба роҳи оҳан баромадааст. Машинист шабакаи тормози оҷилро ба кор андохтааст, вале азбаски фосила хеле наздик буд, аз бархӯрд пешгирӣ карда натавонистааст “, – хабар додааст ЗабЖД.

Яке аз хонандагони «Бомдод», ки дар вилояти Амур кору зиндагӣ мекунад, он саҳар тасодуфан аз маҳалли ҳодиса мегузашт ва чанд акс гирифта, ба “Бомдод” фиристод. Ӯ аз он ташвиш дошт, ки муҳоҷирони тоҷик аз ҳамин роҳ зиёд равуо мекунанд ва Худое нокарда, кадоми онҳо дар ин садама осеб надида бошад. Хушбахтона, маълум шуд, ки касе аз муҳоҷирони тоҷик дар ин ҳодиса осеб надидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button