ВидеоФарҳанг

СУБҲ ҲАМРОҲ ЧОЙ НӮШИДЕМ… ДАРГУЗАШТИ ҲАМСАРИ ОВОЗХОНИ МАЪРУФ ФАЙЗАЛӢ ҲАСАН

Бодиламоҳ Забирова, ҳамсари Ҳофизи мардумии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан рӯзи 25 октябр дар синни 73 аз олам чашм пӯшид. Худи Файзалӣ Ҳасан ба хабаргузории “Спутник” хабари марги завҷаашро  тасдиқ карда, гуфтаааст, ки ӯ бе ягон бемории ҷиддӣ ногаҳон ҷон дод.

“Аз саломатиашон шикоят надоштанд. Субҳ аҳволашон хуб буд – ҳамроҳ чой нӯшидем ва ман аз паси корҳоям рафтам. Пас аз ним соат аз хона занг заданд, ки фишорашон баланд шудааст”, – нақл кардааст Файзалӣ Ҳасан. Ӯ дарҳол ба хона баргашта, табибонро даъват кардааст, аммо ҳамсараш “аллакай бандагиро ба ҷо оварда буданд”.

Намози ҷанозаи марҳум субҳи 26 октябр, соати 10 дар деҳаи Балхи ноҳияи Сино баргузор мешавад.

Бодиламоҳ Забирова то синни нафақа чун китобшинос фаъолият дошт.

Файзалӣ Ҳасан, овозхон, оҳангсоз ва Ҳофизи мардумии Тоҷикистон, низ 73 сол дорад. Ӯро ҳамчун пайрав ва давомдиҳандандаи сабки Одина Ҳошим, яке аз ҳунармандони номии тоҷик медонанд. Файзалӣ Ҳасан ба хусус дар сароидани таронаҳои мардумӣ ва Фалаки роғӣ маъруф буда, солҳои охир таронаҳои сӯфиёна ва мазҳабӣ низ зиёд иҷро мекунад.

Ин ҳунарманди шинохта ҳамчун як марди пурзарофат низ ном баровардааст ва дар байни мардум даҳҳо латифае паҳн шудааст, ки қаҳрамонаш Файзалӣ Ҳасан аст. Худи ӯ ҳам ин латифаҳоро бо завқ гӯш мекунад ва озурда намешавад, ки дар борааш латифа мебофанд.

Файзалӣ Ҳасан солҳои тӯлонӣ дар театри халқии ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) кор карда, танҳо дар солҳои 90, ки алакай як ҳунарманди маъруф шуда буд, ба Душанбе кӯчид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button