ЯК ЗАН АЗ ТОҶИКИСТОН БА ХОТИРИ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ БО СОКИНИ ЯМАЛ НИКОҲ КАРДААСТ

Муҳоҷирони тоҷик, чӣ марду чӣ зан, барои ба даст овардани шаҳрвандии Русия чӣ корҳое намекунанд! Як зани муҳоҷир аз Тоҷикистон барои шаҳрвандӣ моҳи июни соли ҷорӣ ба таври қалбакӣ бо як марди сокини ноҳияи Тазовский дар ҳавзаи мухтори Ямалу Ненетс дар Шимоли дури Русия издивоҷ кардааст. Барои онки тасаввур кунед, ки ин куҷост, бояд гуфт, ки Тазовский дар масофаи қариб 4300 км аз Душанбе ва 3300 км аз Маскаву 2 ҳазор км аз Екатеринбург ҷойгир шудааст. Наздиктарин шаҳре, ки аз онҷо ба Тоҷикистон метавон парвоз кард, Сургут аст, ки он ҳам аз Тазовский дар масофаи 905 км ҷойгир шудааст!
Вале прокуратураи ноҳияи Тазовский тавонист ҳамагӣ баъди 4 моҳ ақди никоҳи ин зан аз Тоҷикистонро бо сокини ин ноҳия бекор кунад, – хабар дод рӯзи 25 октябр хадамоти матбуоти прокуратураи ҳавзаи мухтори Ямалу Ненетс.
“Муайян карда шуд, ки моҳи июни соли 2021 зани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як шаҳрванди Русия пешниҳод кардааст, ки барои осонтар шудани дарёфти шаҳрвандии Русия бо ӯ никоҳи қалбакӣ кунад. Мард ба ин гуна издивоҷ розӣ шудааст. Вале онҳо ҳамроҳ зиндашӣ надоштанд, хоҷагии муштарак надоштанд ва қасди бунёди оиларо ҳам надоштанд. Дар ин робита, додситонии ноҳия ба додгоҳ даъво бурд, ки никоҳи байни ин шаҳрвандон бекор карда шавад”, – гуфта мешавад дар иттилоия.
Додгоҳ талаби додситониро қонеъ гардонда, никоҳи сокини Тазовский бо шаҳрванди Тоҷикистонро бекор кардааст.
Танҳо дар нимаи аввали соли 2021, беш аз 44 ҳазор зодаи Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шудааст. Ин қариб 13 ҳазор ё 30% бештар аз 31 ҳазорест, ки дар нимаи аввали соли 2020 шиносномаи хокистарранги тоҷикиро ба шиносномаи сурхи бо уқоби дусараи Русия иваз карда буд. Имсол ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 241 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтааст. Соли гузашта ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 173 тоҷик шаҳрванди Русия мешуд.
Бо онки сели сокинони Тоҷикистон бо умеди ба даст овардани “роҳхат ба як зиндагии беҳтар” худро бо ҳар роҳе ба кишварҳои хориҷӣ ва асосан ба Русия мезананд, ҷомиашиносон аз як паёмади ногувори ин тамоюл – фирори мағзҳо ва коҳиши қишри босавод ва кордони аҳолӣ дар Тоҷикистон – бонги изтироб мезананд. Онҳо мегӯянд, кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия, мутахассисони беҳтарин ва ботаҷрибаро аз байни омӯзгорону табибон, муҳандисон, устоҳо ва намояндагони касбҳои дигар гулчин мекунад ва ин боис мешавад, ки ҷои онҳоро дар Тоҷикистон бо нафарони бетаҷрибае, ки тоза аз донишгоҳ берун шудаанд, пур кунанд.


