ВидеоТаърихТоҷикистон

СОЛГАРДИ ҲАМЛАИ САФАРАЛӢ КЕНҶАЕВ БА ДУШАНБЕ

24 октябри соли 1992 нирӯҳои Фронти халқӣ вориди Душанбе шуда, биноҳои Дастгоҳи президент, Шӯрои олӣ, радио ва телевизионро ғасб ва Сафаралӣ Кенҷаевро президент эълон карданд. Кенҷаев бо ин ҳамла мехост таносуби нирӯҳоро ба тарафи худ гардонад ва раҳбарии кишварро худаш ба даст бигирад, вале муваффақ нашуд.

Субҳи барвақти 24 октябри соли 1992 ҷангиёни Фронти халқӣ аз самти ғарб, аз ҷониби ноҳияҳои водии Ҳисор вориди шаҳри Душанбе шуданд ва дар пайи чанд даргирии пароканда ба маркази пойтахт расида, биноҳои асосӣ – дастгоҳи президент, Шӯрои олӣ, радио ва телевизионро тасарруф карданд.

Ба сабаби наёфтани мутахассисон, ҷангиёни Фронти халқӣ телевизионро ба кор андохта натавонистанд, вале Рустами Абдураҳим, яке аз раҳбарони Фронти халқӣ аз тариқи радио суханронӣ кард ва Сафаралӣ Кенҷаевро президенти Тоҷикистон эълон кард.

Аммо алакай субҳи ҳамон 24 октябр ҷангиёни мухолифин аз ситодҳои Базаи 3-юм, масҷиди Южний ва Авул ба муқовимат бархостанд ва Душанбе барои як рӯз ба майдони ҷангҳои шадид табдил ёфт. Задухӯрдҳои асосӣ дар назди кинотеатри “Ватан”, маркази шаҳр ва дар рӯи кӯпруки Путовский сурат гирифтанд ва алакай дар нимаи дуюми рӯз ҷангиёни Фронти халқӣ маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд.

Онҳоро шоми 24 октябр аз Душанбе таҳти ҳимояти танкҳои дивизияи 201-уми Русия бароварданд, вале дар километри 10-уми роҳи Душанбе – Турсунзода, дар назди тарабхонаи “Шоҳамбарӣ” гурӯҳҳои дигари Фронти халқӣ ҷангиёни ақибнишастаро нирӯҳои мухолифин гумошта, тирборон карданд.

Дар маҷмӯъ дар ҳамлаи рӯзи 24 октябр, ки аввалин кӯшиши мусаллаҳонаи аз Душанбе берун кардани нирӯҳои содиқ ба Ҳукумати муросои миллӣ буд, ҳудуди 100 нафар ҷон бохтанд. Нирӯҳои мухолифин аз ҷумла яке аз саркардаҳои ин ҳамла Рустами Абдураҳимро дастгир карда, бо шиканҷаву бадрафтории зиёд куштанд ва мурдаашро дар теппаҳои пушти кӯчаи Қаротегин оташ заданд.

Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон, ки ҳамлаи 24 октябрро ба номи ӯ ва Рустами Абдураҳим рақам мезананд, дар хотираҳояш навиштааст, ки масъалаи ҳамла ба Душанбе ҳанӯз рӯзи 12 октябр дар шаҳри Турсунзода дар ҳузури генерали баландпояи артиши Русия Валерий Воробйев маслиҳат шуда буд ва ҳадафаш ба баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ва истеъфои Ҳукумати муросои миллӣ маҷбур кардани ҷонибдорони мухолифин буд.

Бино ба нақли Сафаралӣ Кенҷаев, дар нишасти Турсунзода Ҷиёнхон Ризоев, раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб – пойгоҳи асосии Фронти халқӣ низ ҳузур дошт ва генерал Воробйев рӯзи 23 октябрро ҳамчун рӯзи оғози ҳамла муқаррар кард. Вале Ҷиёнхон Ризоев барои омодагии хубтар як рӯзи дигар хостааст ва барои ин ҳамларо ба рӯзи 24 октябр гузарондаанд.

Бар асоси нақша, бояд ҳудуди 1000 нафар аз водии Ҳисор аз самти ғарб ба Душанбе ҳамла меоварданд ва ҷангиёни минтақаи Кӯлоб ба раҳбарии Файзалӣ Саидов, Сангак Сафаров, Восит, Саидшо Шамолов ва Лангарӣ Лангариев аз самти ҷануб. Ҳамин тавр, мебоист тақрибан 500 нафари дигар аз вилояти Ленинобод аз самти шимол вориди Душанбе мешуданд.

Генерал Воробйев ҳамчунин ваъда додааст, ки дивизияи 201-ум роҳҳои даромад ба Душанберо таҳти назорати худ мегирад ва ба мухолифин имкон нахоҳад дод, то техникаи вазнинро ба пойтахт оварда, мавқеи худро мустаҳкам кунанд. Ӯ танҳо хоҳиш кардааст, ки худи Сангак Сафаров ба Душанбе наояд, чунки бедодгарӣ хоҳад кард.

Қарор шуда буд, ки нирӯҳои Фронти халқӣ аз водии Ҳисор бо ҷангиёни таҳти фармони Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов дар рӯзи кӯпруки Путовский вомехӯранд ва сипас ҳамроҳ ба тасарруфи иншооти муҳими пойтахт идома хоҳанд дод.

Вале вақте ҷангиён аз водии Ҳисор ба кӯпруки Путовский расиданд, онҳоро дар инҷо ба ҷои нирӯҳои Сангаку Файзалӣ ҷангиёни содиқ ба мухолифин бо оташ пешвоз гирифтанд.

Акбаршо Искандаров, ки он рӯзҳои кафили президенти Тоҷикистон буд, як рӯз қабл аз ин ҳамла – 23 октябр дар Душанбе вазъи фавқулодда ва соати комендантӣ ҷорӣ кард, вале натавонист пеши роҳи ҳамлаи алакай барномарезишудаи Фронти халқиро бигирад.

Баъди ноком шудани ҳамла Кенҷаев ба дивизияи 201-ум паноҳ бурд. Искандаров дар як мусоҳибааш гуфт, ки ӯ дар ҳудуди дивизия дар ҳуҷраи кории генерал Воробйев бо Кенҷаев музокирот кард ва Кенҷаев вақти шикаст хӯрдани ҳамларо фаҳмид, бо қаҳр ба Воробйев гуфт: “Канӣ танкҳову БТРҳои ваъдагиатон? Охир тавофуқи мо дигар хел буд!”

Ҳамлаи 24 октябр ба Душанбе дар ҳоле сурат гирифт, ки нирӯҳои Фронти халқӣ алакай аксари қаламрави водии Вахшро тасарруф карда, ба Душанбе наздик мешуданд. Водии Ҳисор, вилояти Ленинобод, вилояти Кӯлоб низ аз контроли Ҳукумати муросои миллӣ хориҷ шуда буд ва раҳбарони кишварҳои тасмимгири СНГ – Русия, Узбекистон, Қазоқистон низ дигар рӯи ин ҳукумат ҳисоб намекарданд.

Инки раҳбарияти Тоҷикистон ба зудӣ иваз мешавад, дигар ба як амри яқин табдил ёфта буд, вале маълум набуд, ки тоҷи раҳбарӣ ба сари кӣ гузошта хоҳад шуд.

Бисёриҳо бар ин боваранд, ки Сафаралӣ Кенҷаев бо ин ҳамла мехост таносуби нирӯҳоро дар ҷониби ғолиби ояндаи ҷанг ба тарафи худ гардонад ва раҳбарии кишварро худаш ба даст бигирад, вале муваффақ нашуд.

Сангак Сафаров баъди шикасти ҳамлаи 24 октябр дастандаркорони он, аз ҷумла Кенҷаевро ба хиёнат айбдор кард ва гуфт, ин ҳамла бидуни ризоияти ӯву дигар раҳбарони Фронти халқӣ сурат гирифтааст. Сангак Сафаров раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб Ҷиёнхон Ризоев баъди ин ҳамла бо дасти худ парронд.

Рӯзи 2 ноябри соли 1992 ба ҷои Ризоев Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Кӯлоб интихоб карданд. Рӯзи 16 ноябр дар Қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд (ҳоло – Бобоҷон Ғафуров ) иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ оғоз ёфт. Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлосияи раиси Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд. Сафаралӣ Кенҷаев дар рӯзҳои ин иҷлосия барои се рӯз ғайб зад. Ӯ баъдан гуфт, ки вайро мақомоти амниятии Узбекистон се рӯз бандӣ карданд, то ба интихоби раҳбари нави Тоҷикистон халал нарасонад.

Кенҷаев соли 1998 дар Душанбе кушта шуд. Ахиран дар як барномаи телевизионӣ эълон карданд, ки ӯро мухолифин бо дастури Эрон куштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button