АфғонистонВидеоСиёсат

РАҲБАРОНИ ФИРОРИИ АФҒОНИСТОН БОЗ ЯК ҶАБҲАИ ЗИДДИ ТОЛИБОН СОЗМОН ДОДАНД

Чанде аз раҳбарони сиёсиву қавмии Афғонистон, ки қабл аз ғасби ин кишвар аз сӯи ҷангҷӯёни Толибон ба хориҷ фирор карданд, аз ташкили ҷабҳаи наве ба зидди Толибон бо номи “Шӯрои олии муқовимати миллии Афғонистон” хабар доданд.

Ин эътилофи нав афроде, чун Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммадюнус Қонунӣ, Ато Муҳаммади Нур, Абдурашиди Дустум, Муҳаммад Муҳаққиқ, Тодинхон (бародари Абдурозиқи Ачакзай)-ро дар бар мегирад. Аксари муасиссисони ҷабҳаи нави муқовимат дар хориҷ аз Афғонистон қарор доранд. Аз ҷумла бино ба иттилои дарёфтӣ, Атомуҳаммади Нур ва Тодинхон дар Имороти Араб, Абдураб Расули Сайёф дар Ҳиндустон, Муҳаммади Муҳаққиқ ва Абдурашиди Дӯстум дар Туркия, Юнус Қонунӣ дар Бритониё, Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ дар Тоҷикистон паноҳ бурдаанд. Аксари онҳо ба далели фирор аз ҷабҳаи ҷанг бо Толибон ва ба ин гуруҳи тундрав суқут додани шаҳрҳои муҳими Афғонистон ҳадафи интиқодҳои тунд қарор гирифта буданд.

Аммо онҳо дар эъломияи таъсиси “Шӯрои олии муқовимати миллии Афғонистон” гуфтаанд, ки давлати қаблии Ашраф Ғанӣ  “бар асари бекифоятӣ, инҳисоргарӣ ва фасоди густарда ва дар натиҷаи як муомилаи номардона ва хоинона дучори беназмӣ гардида, шерозаи давлат аз ҳам пошид”.

Шӯрои ҷадид режими нави Толибонро “ҳукумати якҷониба, истибдодӣ ва зидди ваҳдати миллӣ” номида, аз ҷомиаи ҷаҳонӣ барои то ҳол ба расмият нашинохтани ин режим истиқбол карда, аз Созмони Милал хостааст, ки ҳукумати Толибонро, ки “ниме аз кобинаи он машмули таҳримҳои СММ ва бархе кишварҳои ҷаҳон мебошанд, ба расмият нашносанд ва фишори лозимро болои онҳо барои пазириши як ҳукумати ҳамашумул ворид созанд”.

Аъзои шӯро ҳамчунин гуфтаанд, ки хостори ҳалли масъалаи Афғонистон аз тариқи сиёсианд, ввале “дар сурате, ки ҷониби муқобил ва ҳомиёнашон ба чунин роҳи ҳал тан надиҳанд, мо ночор ба бахши дуввуми мубориза (фаъолиятҳои низомӣ) мутавассил хоҳем шуд”.

Онҳо аз мардуми Афғонистон даъват кардаанд, ки “худро барои як муқовимати душвор ва дарозмуддат дар баробари истибдоди дохилӣ ва таҷовузу ишғолгароии хориҷӣ омода кунанд”.

Ато ва Дӯстум қабл аз фирорашон аз Мазори Шариф

Аммо бисёриҳо тавонмандии ин афрод барои таъсиси як ҷабҳаи дар воқеъ қавӣ ва қобили мулоҳиза ба муқобили Толибонро зери суол бурдаанд. Онҳо аз ҷумла аз Атомуҳаммади Нур ва маршал Дӯстум ёдовар шудаанд, ки бо доштани имконоти фаровоне дар дохил ба таври мармуз ва шубҳабарангез бидуни ҷанг Мазори Шариф, бузургтарин шаҳри шимоли Афғонистонро ба Толибон супурданд ва танҳо коре, ки карданд, “дум хода кардан” то Тирмизи Ӯзбекистон буд.

Ҳамин тавр, аз Бисмиллоҳхон танқид мекунанд, ки дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ вазири дифоъ буд ва ихтиёри урдуи 300-ҳазорнафарии бо силоҳҳои навтарин ва тонку тӯпу ҳавопаймо мусаллаҳи Афғонистонро дар даст дошт, вале дар байни ҳамагӣ 10 рӯз ин артиши “муқтадир” аз ҷониби гуруҳе, ки ҷангҷӯёнаш ҳадди аксар ягон автомати кӯҳнаи Калашников ва аз “техникаи низомӣ” танҳо мотосикл зери пояшон буд, нафақат шикаст хӯрд, балки торумор шуд.

Ташкили “Шӯрои олии муқовимати миллии Афғонистон” дар ҳолест, ки қаблан Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд ба зидди Толибон Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро ташкил дода буд. Тарафдорони Ҷабҳаи Масъуд ҳоло дар дараи Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон ба зидди Толибон меҷанганд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button