ВидеоТоҷикистонҶомеа

ҚАЗИЯИ ЗАХМӢ ШУДАНИ ЯК ЗАН ДАР ХОНАИ ҚУДОБАЧАИ ПРЕЗИДЕНТРО ДОДСИТОНИИ БОХТАР ТАҲҚИҚ МЕКУНАД

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон маводи тартибдодааш дар мавриди қазияи захмӣ шудани як ҷавонзан дар хонаи Азизулло Соҳибовро барои таҳқиқи минбаъда ба додситонии шаҳри Бохтар супурдааст. Дар ин бора як манбаъ аз милисаи вилояти Хатлон ба радиои Озодӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, он шаб дар хонаи Соҳибов 25 нафар меҳмон будааст, ки бо аксари онҳо суҳбат шудааст. “Раёсати корҳои дохилии Хатлон бо ҳама шоҳидони ҳодиса суҳбат кард ва мавод тартиб дод. Маводҳоро ба прокуратураи шаҳри Бохтар супориданд“,–гуфт ӯ.

Вале, афзудааст ин манбаъ, дар робита ба ин ҳодиса ҳанӯз парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст.

Додситонии Бохтар ин хабарро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Шоми 10 октябр С.О. ном як зани 36-соларо аз ин манзили зисти Азизулло Соҳибов, раиси “Тоҷикматлубот”-и вилояти Хатлон ва бародару амаки ду домоди президенти Тоҷикистон дар маҳаллаи Ломоносови шаҳри Бохтар бо як захми корд дар гардан ба бемористони шаҳри Бохтар интиқол доданд. Азизулло Соҳибов қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки он зан  “худаш худашро бо корд зад” ва “касе дар ин ҳодиса даст надорад”.

Азизулло Соҳибов баъди расонаӣ шудани хабари дар хонаи ӯ захми корд хӯрдани як ҷавонзан, ба Радиои Озодӣ мусоҳиба дода, гуфтааст, ки он занро намешиносад  ва ӯ худашро корд задааст.

Ба гуфтаи вай, он шоми 10 октябр аз Хуҷанду Душанбе ба хонааш меҳмон омада буд ва “ин зан ҳамроҳи кӣ ба манзил ворид шудааст, намедонад”.

“Ин занро намешиносам ва баръакс ба ӯ кумак кардам, ки роҳи зиндагиашро ёбад. Дигар кас табъи ӯро хира карда, ин корро кардааст. Худаш дар пеши ҳамаи кормандони Раёсат (Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон) ҳаминро гуфт. Ҳам ёрӣ кунем ва ҳам гап шунавем? Ӯ бори дувум ин корро карда будааст”, — гуфтааст Соҳибов.

Вай афзудааст, ки чӣ гуна гарданашро буридани занро ба чашм надидааст ва фақат пас аз рух додани ҳодиса шоҳид шудааст. Азизулло Соҳибов ҳамчунин гуфт, то ҳанӯз касе аз ӯ дар робита ба ин ҳодиса баёнот нагирифтааст.

Радиои Озодӣ қаблан бо такя ба чанд манбаи худ дар мақомоти интизомиву тандурустии вилояти Хатлон хабар дод, ки С.О., як зани 36-сола, рӯзи 10 октябр дар  як ҳодисаи мармуз дар хонаи Азизулло Соҳибов, раиси “Тоҷикматлубот”-и вилояти Хатлон аз гарданаш захми корд бардошта, тоза рӯзи 18 октябр аз бемористони Қараболои шаҳри Бохтар ҷавоб дода шудааст.

Ба иттилои манбаъҳои радиои Озодӣ, С.О. шоми 10 октябр аз як хона дар маҳаллаи Ломоносови шаҳри Бохтар ба бемористони вилоятӣ, маъруф ба бемористони Қараболо бурда шуд. Ба гуфтаи манобеи Озодӣ, “ин зан аз дӯстони Азизулло Соҳибов будааст”.

Ба гуфтаи ҳамсоягон, шоми 10 октябр, пеш аз сар задани ҳодиса, дар хонае, ки аз он Азизулло Соҳибов истифода мекунад, “чанд зану мард ворид шуда, зоҳиран аз дохили бино садои хурсандӣ берун меомад”. Яке аз шоҳидон гуфтааст, “пас аз чанде садои доду вой баланд шуд ва пас аз бурдани зани оғуштаи хун он ҷо кормандони милиса ҳозир шуданд.”

Ба табибони беморхона ҳангоми овардани зани маҷруҳ гуфтаанд, ки “ӯ қасди худкушӣ кард”.

Вале як манбаъ аз мақомоти интизомии Хатлон ба шарти фош нашудани ном гуфт: “Аз рӯи таҳқиқи ибтидоӣ ва гуфтаи шоҳидон, Азизулло Соҳибов ба зан ҳамла кардааст. Кормандони милисаи шаҳрӣ рафтанд, таҳқиқи ҳодисаро оғоз карданд, вале ҳозир касе даъво надорад.”

Азизулло Соҳибов, ки 50 сол дорад, дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) зиндагӣ мекунад ва солҳо боз раиси ҷамъияти “Тоҷикматлубот”-и вилояти Хатлон аст.

Хонаводаи Соҳибовҳо бо далели наздикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, аз нуфузи хосе дар кишвар, бахусус дар қисмати водии Вахши вилояти Хатлон бархӯрдоранд. Ду намояндаи ин хонавода:  Мамазоир Соҳибов ба духтари калонии президент Фирӯза ва бародарзодаи ӯ Шамсуло Соҳибов ба духтари чорумаш Парвина Раҳмон издивоҷ кардаанд.

Соҳибовҳо соҳиби даҳҳо навъи тиҷорат дар Тоҷикистонанд. Бозори бузурги “Ҳоҷӣ Шариф” дар шаҳри Бохтар ва ширкати “Фароз”, ки ҳоло бо номҳои дигар даҳҳо навъи тиҷоратро монополияи худ кардааст, ба ҳамин хонавода тааллуқ доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button