Дин ва боварҳоМуҳоҷирон

МАҲФИЛИ КӮДАКОНИ ТОҶИКИ “ҚУРЪОН”-ХОН ДАР ОЛМОН (3 АКС)

Ҷамъияти тоҷикони Олмон “Нур” хабар дод, ки рӯзи 24 октябр ин созмон бо ташаббуси раҳбараш Абдулқодир Шехов (Абдулқодир Аминӣ) ва ҷамъе аз волидон маҷлисе таҳти унвони “Маҳфили Нур” баргузор кардааст.

”Махсусан ҳузури тифлакон ва дӯстрӯякон, ки ин маҳфил маҳз ба хотири онҳо тадорук дида шуда буд ҳусну шукуҳу сафой дигаре мебахшид. Ин тифлакону дӯстрӯякон, ки ба омӯзиши алифбо машғул буданд муваффақ гаштанд, ки омӯзиш ва рӯхонии Қуръони Каримро шурӯъ намоянд”, гуфта мешавад дар иттилоияе, ки дар саҳифаи ҷамъияти “Нур” дар Фейсбук нашр шудааст.

Бино ба ин манбаъ, дар маҳфил ба 35 нафар аз ин “булбулакони боғи дониш ва Каломуллоҳ” барои талошашон дар роҳи омӯзиши Қуръон бо ҳадяҳо қадрдонӣ шудаанд.

Ҳамчунин дар назди ҷамъияти “Нур” як гуруҳи нави иборат аз 15 тифл созмон дода шудааст, ки ба онҳо низ дарси Қуръон дода хоҳад шуд.

Ҷамъияти тоҷикони Олмон “Нур” дар шаҳри Дортмунд таъсис ёфта, соли 2019 пеш дар ин шаҳр масҷидеро бо номи “Тақво” таъсис дода буд, ки нахустин масҷиди тоҷикӣ дар Аврупо ба шумор мерафт.

Солҳои охир чанд ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон ба далоили сиёсӣ ва мазҳабӣ ва қисме ба хотири расидан ба як зиндагии беҳтар роҳи Аврупо, аз ҷумла Олмонро пеш гирифтанд. Танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ 190 зодаи Тоҷикистон аз Олмон дархости паноҳандагӣ кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button