ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЭЪЛОНИ МУҲИМ БАРОИ ОНҲОЕ, КИ КӮДАКОНАШОН НУҚСОНИ МОДАРЗОДИИ ДИЛ ДОРАНД

Табиби кардиологи тоҷик Dr. Yusuf Burkhonzoda MD дар Фейсбук хабар додааст, ки аз 23 октябр то 2 ноябри соли 2021бо дастгири Имороти Муттаҳидаи Араб табибони Дубай ҳамроҳ бо табибони тоҷик кӯдакони нуқсони модарзодии дил доштаро дар Душанбе ба таври ройгон ҷарроҳӣ мекунанд.

Ҷарроҳиҳо дар бемористони Истиқлол анҷом дода мешаванд.

Шартҳои ҷарроҳии ройгон чунин аст:

1) Бемор бояд аз оилаи камбизоат бошад,

2) Синни бемор то 18 бошад.

Dr. Yusuf Burkhonzoda MD навиштааст, онҳое, ки мехоҳанд фарзандашонро ройгон ҷарроҳӣ кунанд, бояд аз вазорати тандурустӣ санади камбизоатӣ бигиранд ваё дар бинои №2 ё корпуси дуюми беморхонаи “Истиқлол” ба апаи Зулфия, ки намояндаи вазорати тандурустӣ будааст, муроҷиат кунанд.

Dr. Yusuf Burkhonzoda MD  аз ҳама хостааст, ки ин хабарро бознашр карда, ба дигарон ҳам дар бораи ин амали хайр хабар диҳанд, то ки ниёзмандон хабардор шаванд ва сабаби шифои онҳо гардед.

Телефони доктор Бурҳонзода барои маълумоти бештар: +992 918 17 1844

Почтаи электронӣ: burhonzodayusuf@gmail.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button