ДАРГУЗАШТИ ПОЛКОВНИК САИД МИРОВ

Полковники милитсия Саид Миров, устоди Академияи ВКД Тоҷикистон, рӯзи 21 октябр дар синни 68 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, полковник Миров ба иллати инсулт ҷон бохтааст.
Ҷанозаи марҳумро рӯзи 22 октябр дар зодгоҳаш, деҳаи Сабзикори ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурданд.
Саид Миров соли 1975 риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ҳанӯз то инқилоби исломӣ чанд сол дар Эрони он вақт шоҳаншоҳӣ кор кардааст.Ӯ баъдан солҳои зиёде дар Афғонистон ифои вазифа карда, баъди баргаштанаш чандин сол дар мактаби миёнаи №80 дар Ҳазрати Мавлонов омӯзгори забони англисӣ буд. Солҳои охир полковник Саид Миров дар Академияи ВКД Тоҷикистон низ дарси забони анлисӣ медод.
Ҳамкоронаш аз ӯ ҳамчун аз як инсони забондону донишманд ва хоксору заминӣ ёд мекунанд ва мегӯянд, ки бо хурду калон, чӣ ба синну чӣ ба вазифаю мақом, як буд ва дасти ёриашро аз касе дареғ намедошт.
Равонаш шод бод!