ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ АЪЗОИ “МАФИЯИ ТОҶИКӢ” ДАР ЧЕЛЯБИНСК (3 АКС)

Дар ҷараёни як амалиёти вижа дар шаҳри Челябински Русия аъзои гуруҳи ҷиноиеро, ки аз зодагони Тоҷикистон иборат буда, бо роҳи тарсондан тоҷирони хориҷиро дар бозорҳои ин минтақа “ҳақ” баста буд, дастгир кардаанд.

 Манбаи Znak.com дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа гуфтааст, ки амалиётро идораи ФСБ вилояти Челябинск якҷо бо пулис ва Росгвардия доир кардааст ва дар ҷараёни кофтукоб аз аъзои “мафияи тоҷикӣ” миқдори зиёди аслиҳа мусодира карда шудааст.

 “Дар натиҷаи амалиёти фаврию тафтишотӣ аз аъзои фаъоли ин гуруҳи ҷиноӣ дар манзилҳояшон 4 пистолети травматикӣ, як силоҳи худсохти оташфишон, тирҳо, силоҳҳои сард ва ҳамчунин адабиёти ифротӣ ёфт ва мусодира шуд”—  гуфтааст манбаи Znak.com. 

Гуфта мешавад, ки раҳбари “мафияи тоҷикии Челябинск” низ дастгир шудааст. Вале мақомот номи ӯ ва дигар аъзои ин гуруҳро нашр накардаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми  авбошии гуруҳӣ бо истифода аз силоҳ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба боздоштшудаҳо то 7 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба фарзияи тафтишот, аъзои ин гуруҳ ба  тоҷирони хориҷие, ки дар бозорҳои Челябинск тиҷорат доранд, ҳамла карда, онҳоро бо истифода аз силоҳ метарсонданд ва маҷбур мекарданд, ки ба онҳо “ҳақ” диҳанд. Аъзои ин гуруҳро ҳамчунин ба даст доштан дар ташкили чанд занозании гуруҳӣ дар бозорҳои минтақа гумонбар медонанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки аъзои ин банда ба кадом “тоҷирони хориҷӣ” ҳамла мекарданд? Вале қаблан аъзои гуруҳҳои ҷиноии иборат аз зодагони Тоҷикистон асосан ба ҳамла ва ҳақ бастани ҳамватанҳои худашон айбдор мешуданд ва ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик бо изҳори таассуф мегуфтанд, ки “зӯри тоҷик дар Русия фақат ба тоҷики худаш мерасад…”

Манбаи аксҳо: Znak.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button