АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ӮЗБЕКИСТОН ШАРТИ АСОСӢ БАРОИ ЭЪТИРОФИ ҲУКУМАТИ ТОЛИБОНРО ЭЪЛОН КАРД

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов рӯзи 22 октябр дар мусоҳиба бо журналистони Русия гуфт, масъалаи эътирофи ҳукумати Толибон дар дасти баррасӣ қарор дорад, вале онҳо барои ин бояд ба ваъдаи худ ҷиҳати мубориза бо терроризм амал кунанд.

“Масъалаи эътирофи ҳукумати Толибон, албатта, дар рӯзнома истодааст. Мо бо  иттифоқчиёну шарикони худ якҷоя ба сӯи ин пеш меравем. Ва шартҳои дар назди Толибон гузошташуда чунон ҷиддианд, ки ба сурати алоҳида ҳаллу фасл кардани онҳо хатарнок аст. Мо наметавонем ба ҳамчунон вуҷуд доштани фаъолиятҳои террористӣ (дар Афғонистон) ё муборизаи нокофӣ ба зидди он аз тарафи Толибон чашм бипӯшем ва онҳоро эътироф кунем”, – нақли қавл кардааст аз раҳбари идораи сиёсати хориҷии Ӯзбекистон  хабаргузории русии ТАСС.

Комилов гуфт, Тошканд аз мавқеи Русия, ки президенташ Владимир Путин дар маҳфили Валдай баён кард, дастгирӣ мекунад ва натиҷаҳои нишасти рӯзи 20 октябр дар Маскав пиромуни Афғонистонро заминаи муътамад барои ҳалли масоили ин кишвари ҷангзада мешуморад.

Ёдовар мешавем, Путин рӯзи 21 октябр дар маҳфили байналмилалии мубоҳисавии “Валдай” аз ҳаракати Толибон тавсиф кард, ки “кӯшиш дорад, то аз афроди тундрав халос шавад”. Путин аз ҷумла аз талоши Толибон барои фосила гирифтан аз ҷангҷӯёни ДОИШ, ки онҳоро ӯ ҳамсафони собиқи Толибон ном бурд, мисол овард. Путин ҳамчунин ҳаракати Толибонро ҳаракати мардуми пашту номид ва гуфт, онҳо бояд бо халқҳои дигари сокини Афғонистон забон биёбанд.

“Барои мисол, онҳо бояд бо тоҷикҳо забон биёбанд, чунки тоҷикҳо, бино ба ҳисобҳои гуногун, аз 40 то 47 фоизи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд. Охир ин хеле зиёд аст! Дуруст аст?  Онҷо боз ӯзбекҳо ҳастанд, ҳазораҳо ҳастанд… Бале, дар ҳукумати ташкилкардаи Толибон намояндагони халқҳои дигар ҳам ҳастанд, вале онҳо дар мақомҳои аввал нестанд. Вале ин мардум дар низоми идораи кишварашон мақомҳои муҳим мехоҳанд”, – изҳор дошт Путин.

Рӯзи 20 октябр дар Маскав дар нишасти махсуси Афғонистон Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия бори дигар ба аҳамияти ташкили ҳукумати фарогир ва аз байни бурдани ҳама гунаи манбаи таҳдид ба кишварҳои ҳамсоя, бахусус ба Тоҷикистон, ки шарики стратегии Русия дар минтақа ба шумор меравад, таъкид кард ва гуфт, толибон бояд дар ин масъала “зиракӣ” нишон бидиҳанд.

Абдулазиз Комилов низ аз Толибон тавсиф кард, ки  бо ваъдаи афв пеши роҳи фурӯ рехтани мавҷи гурезаҳоро гирифта тавонистанд. Онҳоро ором карданд ва гуфтанд, ки ба хонаҳоятон баргардед ва осуда зиндагӣ кунед. Баъди ин касе кӯшиши убури марз намекунад. Мавҷи гурезаҳо, умуман ягон гуреза нест. Мо аз аввал гуфтем, ки гурезаҳоро қабул намекунем ва барояшон урдугоҳ намесозем”, гуфт вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Абдулазиз Комилов  нахустин вазири хориҷӣ ва баландтарин мақоми давлатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ки баъди ғасби Афғонистон аз сӯи ҷангҷӯёни Толибон ба Кобул сафар кард ва рӯзи 7 октябр бо як идда аз роҳбарони ба ном “Аморати исломӣ”, ки Толибон эълон кардаанд, вохӯрд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button