ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН ҶУЗЪИЁТИ ГУФТУШУНИДҲО БО ТОҶИКИСТОНРО ОШКОР КАРД (ВИДЕО)

Дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон се мавзӯи асосии баҳсӣ аст, ки тайи 30 соли истиқлоли ин ду кишвар ҳалношуда боқӣ мондаанд. Дар ин бора рӯзи 23 октябр дар нишасти хабариаш раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров) хабар дод. Ҷабборов, ки дар ин нишаст аз як соли раҳбариаш бар Қирғизистон натиҷагирӣ мекард, гуфт, ӯ омода аст,ки “худи ҳамин рӯз” созишномаи марзиро имзо кунад, вале на ҳама чӣ аз Бишкек вобаста аст.

 «Ин мушкилест, ки 30 сол боз ҳалношуда боқӣ мондааст. Моҳи май ман асноди вобаста ба марз бо Тоҷикистонро аз комиссияи байниҳукуматӣ талаб кардам. Дар онҷо се масъалаи баҳсӣ аст: оид ба қитъаи Торт-Кочо, оид ба роҳе, ки ба анклави Ворух мебарад, ва оид ба қитъаҳои баҳсӣ дар ноҳияҳои Бодканд ва Лайлак. Вале аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ҳақ ба ҷониби мост”, – изҳор дошт Ҷабборов.

Ба гуфтаи президенти Қирғизистон, 3 марти соли 2009 Адахон Мадумаров, ки он вақт котиби Шӯрои амнияти ин кишвар буд,  ба протоколе имзо гузоштааст, ки ҳоло ҷониби Тоҷикистон бар асоси ҳамон протокол ба як қитъаи баҳсӣ дар марзи ду кишвар даъво дорад.

 “Ман гуфтам, ки ин замини мост, мо аз тариқи он алакай 100 сол боз ба Лайлак рафтуомад дорем. Вале онҳо ин санадро нишон медиҳанд. Дар ин протокол Мадумаров 275 метр заминро моли Тоҷикистон эътироф мекунад ва барои 49 сол ин заминро барои иҷора мехоҳад. Онҳо мегӯянд, ки 12 солаш гузашт ва баъди 37 сол мо ин қитъаро мебандем, ё аз тариқи музокирот иҷораашро боз давом медиҳем. Ман гуфтам, ки Мадумаров салоҳияти имзо кардани протоколро надошт ва он қувваи қонунӣ надорад. Барои ҳалли масоили марзӣ, аввал комиссияи байниҳукуматӣ кор мекунад, сипас созишнома ба дасти президент супурда мешавад ва баъдан барои тасвиб ба Жогорку Кенеш фиристода мешавад. Ҳеҷ ниҳоди дигар ҳаққи имзои чунин санадро надорад. Ман гуфтам, ки доир ба ин қитъаи замин набояд ягон баҳс бошад. Ман метавонам ба ин масъала нуқта гузорам, вале дар он сурат баъди 37 сол ноҳияи Лайлак ба анклав табдил хоҳад ёфт”, – гуфт Содир Ҷабборов.

Қаблан Адахон Мадумаров  аз имзояш дар  протоколи соли 2009 ҳимоят карда, гуфт, “маҳз ба шарофати ҳамин протокол, имрӯз тамоми мошинҳое, ки аз Сулукта ба роҳ мебароянд, бидуни мамониат ба дигар қисматҳои Қирғизистон, аз ҷумла ба Бишкек ҳаракат мекунанд.”

Мадумаров гуфт, имзои протокол дар ҳамон шабу рӯз дуруст буд, вале азбаски Жогорку Кенеш онро тасвиб накардааст, протоколи соли 2009 дигар ягон қувваи қонунӣ надорад.

Ба гуфтаи президенти Қирғизстон, дар ноҳияҳои Лайлак ва Бодканд дар умум 210 ҳазор гектар замин баҳсӣ ба шумор мераванд. “Онҳо мегӯянд, ин заминҳо соли 1924 ба шумо дода шуданд. Ман ҷавоб додам, ки агар чунин аст, соли 1924 мо ҳам ба шумо Мурғобро додем, ки масоҳаташ 3 миллион гектар аст. Пас биёед, аввал Мурғобро баргардонед. Онҳо ба ин розӣ нестанд”, – гуфт Ҷабборов.

Ӯ афзуд, ки музокираҳо идома доранд ва ахиран ду ҷониб боз 8 километри дигар аз марзи байни Қирғизистону Тоҷикистонро муайян кардаанд. Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, Душанбе ва Бишкек аз 971 километр марзи ду кишвар то имрӯз ҳамагӣ чизе бештар аз 500 километрашро таъйин ва аломатгузорӣ карда, тайи 8 соли охир дар гуфтушунидҳои марзӣ дигар ягон километр пеш нарафта буданд. Дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи хунине рӯй дод, ки дар он аз тарафи Қирғизистон 36 нафар кушта ва 154 нафар захмӣ шуда, аз ҷониби Тоҷикистон ин муноқишаи хунинтарин дар таърихи баҳсҳои марзии Осиёи Марказӣ  19 кушта ва 87 захмӣ ба ҷо гузошт.

Манбаъ: Радио Азаттык

https://rus.azattyk.org/a/31525627.html

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button