ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

МИРЗИЁЕВ ВА 4 РАҚИБИ Ӯ: ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН ЧИРО БОЯД ДОНИСТ?

Рӯзи 24 октябр дар Ӯзбекистон интихоботи навбатии президент доир мешавад. Ин алакай шашумин интихоботи мустақими президентӣ дар Ӯзбекистон аст. Дар 4 интихоботи аввал Ислом Каримов ғолиб эълон шуда, дар интихоботи панҷум, ки моҳи декабри соли 2016, баъди марги Каримов баргузор шуд, Шавкат Мирзиёев ғолиб омад.

Барои иштирок дар интихоботи имсола 5 номзад аз 5 ҳизби расман сабтиномшуда дар Ӯзбекистон номзадҳои худро пешбарӣ кардаанд. Номзадҳои мухолифин ба интихобот роҳ наёфтанд. Нозирони умур мутмаинанд, ки дар байни номзадҳо ягон нафаре нест, ки бо Мирзиёев рақобат карда тавонад ваё ҳатто кӯшиши рақобат кунад. Ба ақидаи нозирон, дар чунин шароит Мирзиёев ба осонӣ интихоботро хоҳад бурд.

 Мирзиёев, ки 5 сол пеш баъди марги Каримов ба қудрат расид, тавонист дар як муддати кӯтоҳ имиҷи байналмилалии Ӯзбекистонро аз як режими бераҳми саркӯбгар то ба пешсаффи ислоҳот дар Осиёи Марказӣ иваз кунад.

Номзадҳо

  1. Номзади №1 бидуни шак раисиҷумҳури кунунӣ Шавкат Мирзиёев аст, ки тибқи Қонуни асосӣ, барои бори дуюм ва охирин метавонад президент шавад. Мирзиёевро, ки 64 сол дорад, Ҳаракати соҳибкорон ва тоҷирон – Ҳизби либерал-демократи Ӯзбекистон ба президентӣ пешбарӣ кардааст.

Мирзиёев дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷизах дар оилае, ки аз деҳаи Яхтани ноҳияи Ғончии Тоҷикистон ба инҷо кӯчида буд, ба дунё омада, Донишкадаи обёрии Тошкандро хатм кардааст. Ӯ номзади илмҳои техникӣ мебошад. То расиданаш ба мақоми президент Шавкат Мирзиёев ҳокими вилоятҳои Ҷизаху Самарқанд ва сипас солҳои тӯлонӣ сарвазири Ӯзбекистон буд.

  • Номзади дигаре, ки баъди Мирзиёев ба тарафдории худ имзои аз ҳама бештар ҷамъ овард, иқтисоддон ва забоншиноси 46-сола Алишер Қодиров, номзади  ҳизби демократи “Миллий тиқланиш”  мебошад. Қодиров, ки раҳбари ин ҳизб ҳам ҳаст, донишгоҳи Туркия ва сипас ғоибона Донишкадаи молиявии Тошкандро хатм карда, дар Академияи идораи давлатии президент кор мекард ва ҳоло муовини раиси парлумон аст.
  • Номзади дигар Баҳром Абдуҳалимов, роҳбар ва номзади ҳизби сотсиал демократ “Адолат” 62 сол дошта, шарқшинос аст ва аз забонҳои арабию англисӣ дарс медиҳад. Ӯ доктори илм, профессор, ноиби президенти Академияи илмҳои Ӯзбекистон буда, риштаи таҳқиқоти илмиаш таърихи Ислом ва таърихи Осиёи Марказист.
  • Нарзулло Обломуродов, номзади ҳизби экологии Ӯзбекистон 46-сол дошта, номзади илмҳои иқтисодист. Донишгоҳи Бирмингемро хатм кардааст ва қаблан шуъбаи назорати қаблугоҳҳои мардумии президентро роҳбарӣ мекард. Ӯ моҳи феврали соли 2021 раиси ҳизби экологӣ  интихоб шуд.
  • Мақсуда Ворисова, номзади ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон, ки дар замони Ислом Каримов ҳизби ҳоким ба шумор мерафт ва худи Каримов раҳбараш буд, 60 сол дошта, хатмкардаи Донишкадаи тиббии Тошканд аст. Ӯ беш аз 30 сол: аз соли 1987 то 2018  дар як бунгоҳи тиббӣ дар яке аз деҳаҳои вилояти Тошканд кор кардааст. Аввал вакили маҳалӣ буд ва дар интихоботи ахир вакили парлумони миллии Ӯзбекистон интихоб шуд.

Тибқи қонунҳои Ӯзбекистон, танҳо ҳизбҳои расман сабти ном шуда ҳаққи пешбарии номзад ба президентиро доранд. Як нафар танҳо ду давраи панҷсола метавонад президент шавад. Номзад ба президенти Ӯзбекистон бояд синнаш аз 35 боло бошад, озодона ба забони давлатӣ (ӯзбекӣ) суҳбат кунад, на камтар аз 10 соли қабл аз интихобот дар ҳудуди Ӯзбкистон зиндагӣ карда бошад, доғи судӣ надошта бошад, ходими дин набошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button