ВидеоИлму фанноварӣЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ШАЙХИ АКАДЕМИЯ ВА МУТАРҶИМИ “ҚОНУНИ ТИБ”-И СИНО САИД ШАҲОБУДДИНОВ

Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 22 октябр дили донишманди шинохтаи тоҷик Саид (Саиднуриддин) Шаҳобуддинов дар синни 78 аз тапидан бозмонд. Маркази мероси хаттӣ Саид Шаҳобуддиновро  аз ҷумлаи донишмандони варзидаи соҳаи илми шарқшиносӣ ва аз собиқадорони Академия ном бурда, марги ӯро талафот барои илми тоҷик номидааст.  Номи Саиднуриддин Шаҳобуддинов пеш аз ҳама ба унвони нафаре, ки шоҳасари Абӯалӣ Ибни Сино “Қонуни тиб”-ро солҳои дарозе ба тоҷикӣ тарҷума ва дар ниҳоят нашр кард.

Корманди Академия Umed Pudinaev Саид Шаҳобуддиновро “шайхи Академия” номида, навиштааст: “Устоди арҷманд Сайиднуридин Шаҳобуддинов шарқшинос, арабшинос, тарҷумон ва донишманди улуми исломӣ, аз мутарҷимони бузурги осори Абӯалӣ ибни Сино буданд…”

Саиднуриддин Шаҳобуддинов 9 сентябри соли 1943 дар собиқ ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) ба ҷаҳон омада,  соли 1967 шуъбаи арабии риштаи шарқшиноснии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ӯ баъди хатми донишгоҳ ду сол (1967-1969), дар мактаби зодгоҳаш муаллимӣ карда, солҳои 1969-1972 дар аспирантураи Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои  Тоҷикистон таҳсил кард. Аз он ба баъд Саиднуриддин Шаҳобуддинов  то вопасин рӯзҳои умраш, дар ҳамин даргоҳи илмӣ (Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ; Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ;  Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ) хидмат кардааст.

“Шодравон тамоми ҳунару истеъдоди худро, асосан, вақфи тарҷумаи осори гаронмояи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино намуда, дар самти мазкур шӯҳрати сазовори ҷаҳонӣ ва эҳтирому эътиқоди умум гардидааст.  Алалхусус, тарҷумаи илмии рисолаи бунёдии Абӯалӣ ибни Сино “Ал-қонун фӣ-т-тиб”, ки дар тӯли солиёни дарозе шодравон бевосита аз арабӣ ба тоҷикӣ гардонда буду матни мукаммали он имрӯзҳо таҳти унвони “Қонуни тиб” (дар як муҷаллад) аз дасти чоп берун омад, самараи донишу заҳмати беназири ӯ мебошад”, – навиштааст Маркази мероси хаттӣ дар номаи таъзияаш.

Дар умум дар нашрияҳои бонуфузи ватанию хориҷӣ беш аз 60 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавии Саиднуриддин Шаҳобуддинов  нашр шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button