ВидеоИқтисодМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

БИШКЕК: ШӮРУ ҒАВҒО ХЕСТ ВА ТОҶИКИСТОН АЛАКАЙ БАЪДИ 4 РӮЗ ИНТИҚОЛИ НИРӮИ БАРҚРО БА ҚИРҒИЗИСТОН ҚАТЪ КАРД

Вазири энергетикаи Қирғизистон Досқул Бекмирзоев ба журналистон гуфт, ки дар пайи нашри хабари содироти нирӯи барқи Тоҷикистон ба Қирғизистон дар кишвари ҳамсоя шӯру ғавғо бархост ва Душанбе алакай баъди 4 рӯз интиқоли барқро қатъ кард.

Бекмирзоев гуфт, Қирғизистон фурсат наёфт, ки бо Тоҷикистон ҳатто қарордод бандад.  “Баъди нашри хабари воридоти нирӯи барқ аз Тоҷикистон дар онҷо шӯру ғавғо (кипиш) барпо карданд, чунки дар онҷо ҳам сиёсатмадорон ҳастанд. Мо танҳо 4 рӯз тавонистем аз Тоҷикистон нирӯи барқ бигирем”, — нақли қавл кардааст суханони Бекмирзоевро хабаргузории қирғизии 24.kg.

Хабари қатъ шудани интиқоли барқ ба Қирғизистонро дар Душанбе ҳанӯз шарҳ надодаанд ва рӯшан нест, ки оё ин хабар ба хотири фурӯ нишондани, ба таъбири вазири қирғиз, “шӯру ғавғо” дар Тоҷикистон паҳн карда шудааст ваё дар ҳақиқат интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон қатъ шудааст. Вале агар дар ҳақиқат баъди 4 рӯз, яъне алакай 4 октябр қатъ шуда бошад, пас боз ҳам норӯшан боқӣ мемонад, ки чаро хабарашро баъди қариб 20 рӯз ба матбуот доданд?

Досқул Бекмирзоев қаблан худаш хабар дода буд, ки Қирғизистон, ки дар пешорӯи зимистон ба камбуди шадиди нирӯи барқ гирифтор шудааст, аз 1 октбяр воридоти нирӯи барқ аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла аз Тоҷикистонро сар кардааст. Вале ҷониби Тоҷикистон чанд рӯз баъд инро рад кард ва гуфт, ҷониби Тоҷикистон ба Қирғизистон дар бораи имкони содироти нирӯи барқаш ягон навъ пешниҳод нафиристодааст.

Аммо ин изҳороти Душанбе дар пайи мавҷи эътирозҳо дар ҷомиа нашуд. Сокинон аз хабари оғози содироти барқ ба Қирғизистон ва идомаи фурӯшаш ба Афғонистон, ки таҳти назорати гуруҳи тундрав ба Тоҷикистон душмани Толибон афтод, ба хашм омада, мегуфтанд, дар ҳоле ки худи Тоҷикистон ба камбуди шадид ва лимити нирӯи барқ рӯбарӯ шудааст, ширкати “Барқи Тоҷик” бо кадом рӯ барқи кишварро ба кишварҳое, ки дӯст нестанд, мефурӯшад?

Аз аввали октябр дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон нирӯи барқ бо лимити шадид: 3 соат субҳ ва 5 соат шом дода мешавад ва 16 соати боқимонда интиқоли барқ ба аҳолӣ дар манотиқи деҳот ва ҳатто дар бархе шаҳрҳои ҷумҳурӣ пурра қатъ карда мешавад.

Жители возмущались, что в то время как электричества не хватает в самом Таджикистане, власти продают его в «недружественные» страны. С начала октября в большинстве регионов Таджикистана электричество подается с ограничениями: по 3 часа по утрам и по 5 часов по вечерам. В остальное время суток подача электричестве прекращается почти во всей сельской местности и даже в некоторых городах.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button