ВидеоҲуқуқи инсонЧеҳраҳо

АДВОКАТИ ХУШНОМИ ТОҶИК АБДУҚАЮМ ЮСУФОВ ДАР РУСИЯ ВАФОТ КАРД

Абдуқаюм Юсуфов, адвокати хушноми тоҷик, шаби 22 ба 23 октябр дар шаҳри Тамбови Русия дар синни 61 аз олам чашм пӯшид. Абдуқаюм Юсуфов ду сол пеш барои таҳияи санадҳои нафақааш ба шаҳри Тамбов, ки чанд фарзандаш дар онҷо кору зиндагӣ мекунанд, сафар карда буд, вале дар ин байн ба сабаби пандемияи коронавирус  дар Русия дармонд.  Абдуқаюм Юсуфов рӯзҳои наздик баъди ду соли мусофират азми бозгашт ба Тоҷикистонро дошт, вале бо амри тақдир адвокати шинохтаро дар тобут ба Ватан хоҳанд овард. Ба гуфтаи наздиконаш, интизор меравад, ҷанозаи Абдуқаюм Юсуфровро рӯзи 24 октябр ба Тоҷикистон бифиристанд.

Фаридун Юсуфов, писари ҳуқуқшинос ба радиои Озодӣ гуфт, падараш чанд сол боз аз дарди дил азият мекашид ва ҳамин дард сабаби маргаш шудааст. Вале Раҳмонбердӣ Кенҷаев, дӯст ва ҳамсабақи Абдуқаюм Юсуфов гуфтааст, ки ду рӯз пеш ӯро бо нишонаҳои сармохӯрдагӣ ба як беморхонаи Тамбов интиқол доданд ва гӯё ӯ «баъди якбора боло рафтани фишори хунаш ҷон додааст».

Абдуқаюм Юсуфов зодаи деҳаи Басмандаи ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) ва хатмкардаи риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, чандин сол ҳамчун муовини муовини раиси коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон «Сипар» кор кардааст.

Абдуқаюм Юсуфов дар чандин парвандаи пурсадусадо, аз ҷумла дар парвандаи генерал Ғаффор Мирзоев, маъруф ба Ғаффор Седой,  Александр Содиқов ва хабарнигори ББС Уринбой Усмонов ба ҳайси адвокат иштирок кардааст. Ба гуфтаи ҳамкасбонаш, Абдуқаюм Юсуфов парвандаҳоеро ба гардан мегирифт, ки адвокатҳои дигар ҷуръати ба онҳо наздик шудан намекарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button